Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ду нафар шаҳрвандон -волидайни донишҷӯ Мирзоева Санавбар ва Нормуродзода Санҷарро ба ҳузур пазируфта разашонро шунавид. Тибқи иттилои шаҳрвандон маълум карда шуд, ки донишҷӯи донишкада бидуни мувофиқа бо волидайнаш ба сафи ҚМҶТ пайвастаасту таҳсилро то ба охир нарасонидааст. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба волидайни донишҷӯ ҷиҳати тарбия намудани фарзандашон изҳори миннатдорӣ баён намуда, иттилоъ дод, ки донишкада дар ин масъала дасткӯтоҳ аст ва ягон хел мусоидат карда наметавонад.