Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз дар донишкада қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалиро муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин, сардори раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ Мӯминова Дилором, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гулӣ, сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Ҳамдамова Мадина ва ҳуқуқшиноси донишкада Деҳқонов Д., ҳамроҳӣ намуданд.
Дар қабули шаҳрвандон имрӯз Ҷабборов Маҷсуд, Ҷонмаҳмадов Азимҷон, Ҷӯмаева Бимавзуна, Бобоев Хоҷасалмон ва Алиев Ориф муроҷиат намуда буданд, ки аризаҳои ҳамаашон баррасӣ карда шуд ва ҳамчунин барои қонеъ намудани муроҷиаткунандагон ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ба масъулон дастур доданд, масоили мавҷуда ба таври қонунӣ баррасӣ ба ва шаҳрвандон посухи қонеъкунанда дода шавад.
Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти донишкада ҳар ҳафта ба роҳ монда шудааст ва шаҳрвандон метавонанд, тариқи сабти ном дар шуъбаи умумӣ ва назорати донишкада дар он ҳузур пайдо намоянд.

Шуъбаи иттилоот