Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон сурат гирифт.
Дар қабули шаҳрвандон мисли қаблӣ ҳуқуқшиноси донишкада ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.
Имрӯз, ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ як нафар бонуро, ки хатмкардаи донишгоҳ асту то ба ҳол ҷойи кор наёфтааст ба ҳузур пазируфтанд. Сокини шаҳри Бӯстон Раҳимова Ф. ҷиҳати дарёфти кори доимӣ ба роҳбарият муроҷиат намуд ва роҳбари муассиса н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ба сардори шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ ва ҳамзамон Комиссияи доимамалкунандаи назди донишкада супориш доданд, то муроҷиати шаҳрванд ба таври пурра санҷида шуда, тибқи талабот ва меъёрҳои қонунгузорӣ қонеъ гардонида шавад.
М. Сайидзода