Қабули шаҳрвандон аз ҷониби профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ як нафар бону аз шаҳри Хуҷандро ба ҳузур пазируфт, ки мавсуф роҷеъ ба пайдо намудани ҷойи корӣ муроҷиат карда буд. Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба шаҳрванд ҷиҳати муроҷиат изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид кард, ки бо даст додани имконият ва фароҳам гардидани шароит ҳатман ӯро дастгирӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки дар қабули шаҳрвандон ҳамчунин раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада Давлатзода Давлат низ ҳузур дошт.