Баҳри иҷро намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷадвали қабули шаҳрвандон таъсис дода шудааст, ки тибқи ин ҷадвал кулли шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар қабули роҳбарият ва масъулони донишкад ширкат варзанд.
Имрӯз, низ бо тавсияи ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ қабули шаҳрванд сурат гирифт, ки дар он муовини якуми ректор Қозиев Камолудин, сардори шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ Мӯминова Дилором, сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Ҳамдамова Мадина ширкат варзида, шаҳрванд Исмоилзода Хушдилро, ки донишҷӯйи ҳамин донишкада мебошаду барои 50% супоридани маблағи шарнома муроҷиат намудааст, қабул карданд.
Тибқи дастури муовини якуми ректор Қозиев К.С. аризаи донишҷӯ ба баррасӣ гирифта шуд.
М. Сайидзода