Қабули донишҷӯён аз ҷониби ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ донишҷӯи бахши якуми факултети корҳои кӯҳӣ Каримова Муқаддасро қабул намуда, арзашро пурсид. Дар қабули донишҷӯ ҳамчунин, масъули қабули шаҳрвандон Давлатов Хайриддин низ ширкат варзид. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аризаи донишҷӯйро қабул намуда, ба донишҷӯ ҷиҳати хуб хондану азбар намудани барномаи таълимӣ тавсияҳо дод.

Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ваъда дод, ки мушкилоти донишҷӯйро дар кӯтоҳтарин фурсат баррасӣ менамояду ҳал кард. Мавсуф таъкид намуд, ки вазифаи мо дастгирии донишҷӯён, ҳавасманд намудани онон ва ба роҳи нек роҳнамоӣ кардан аст. Новобаста аз кӣ ва чӣ касе будан, зар омӯзгор бояд донишҷӯёнро ҳамчун фарзанди хеш қабул намояд ва тарбия намуда, илм омӯзонад.