Ҳаводиси мухталифи сиёсӣ дар асаи ҷаҳон моро ҳушдор медиҳад, ки нисбат ба авзои ҷомеа бетараф набошем.
Дар замони ҳозира, дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, дар ҷараёни инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, маҷмуъи масъалаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо заруриятӣ, аз ҷумла таҳкими соҳибихтиёрӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ-миллӣ, ғояҳои пешқадам ва созандаро маротибаи дигар тақозо мекунанд. Дар арафаи асри ХХI, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқyқбунёдро бебозгашт пеш гирифтааст, зарурияти тарғибу ташвиқоти тарзи солими ҳамзистӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбари кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияи маънавии ҷавонон баръало мушоҳида шуда истодаанд.
Дар шароити шиддатёбии ҷаҳонишавӣ ва паҳн гаштани бӯҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста фаъолияти худро фаъол кардааст. Бо ин мақсадҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо падидаҳои экстремистӣ маҷмӯъи чорабиниҳоро дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ гузаронида истодааст. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат зидди экстремизм ва терроризм дар кишвар маҷмӯъи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеъи марказиро амали Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ишғол мекунад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, № 1717 тасдиқ шудааст.
Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амниятӣ на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи чаҳонӣ мебошад. Вазъи бӯҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ (байни конфессияҳо), номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм ва экстремизм мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯи умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.
Мусаллам аст, ки гурӯҳҳои мухталифи ифротгарою тундрав, аз қабили ТЭТ ҲНИ солҳои тулонӣ дар давлати демократии ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда, паси парда нақшаҳое таҳия намуда буданд. Ва барои амали намудани нақшаҳои нопоки худ мехостанд, ки субот ва оромии кишвари маҳбуби моро ба ҳам зананд. Онҳо мехостанд ба ақидаҳои бегонапарастии худ, ки сарчашма аз хоҷагонашон мегирифтанд субот ва сохти Конститутсионии ҳукумати феълиро сарнагун созанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар давраи Истиқлолияти давлатиамон борҳо барои амалисозии нақшаҳои худ талош намуда, ниҳоят соли 2015 амали анҷомдодаашон чеҳраи воқеии экстремистӣ ва террористии онҳо ба ҳамагон ошкор шуд. Вақт собит намуд, ки ҳизби номбурда қудрат ва саҳмгузори дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро надошт .Бо ибораи дигар ин ҳизб бо вучуди ба даст овардани ҳуқуқи фаъолияти расми натавонист ҷойгоҳи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд.
Аз ин хотир ғофил аз хатар нагардида чеҳраҳои душманро шиносем ва дар ҳолати эминӣ худро нигоҳ дорем.
Мастура Валиева,омӯзгори калони кафедраи забонҳои давлатӣ ва хориҷии Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон