ҒОЛИБОНИ ГЕОЛОГОНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ «ДОНИШҶӮ ВА ПЕШРАФТИ ИЛМУ ТЕХНИКА»

Бахшида ба ҳафтаи илми тоҷик бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи васеъ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода, кормандони раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм, олимону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар озмуни имсола (соли 2023) аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 23 муассиса иштирок намуда, 290 кори илмӣ пешниҳод гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмию эҷодӣ ва навоваронаи ҷавонони кишвар таҳти унвони “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” ҳамасола аз ҷониби Вазорати маориф ва илм гузаронида мешавад. Бори дуввум аст, ки донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз факултети корҳои кӯҳӣ, кафедраи геология ва корҳои нафту газ ғолиб гардида,  бо дипломи дараҷаи 2 сарфароз гардонида мешаванд.
Соли 2022 ҷойи 2. бахши геология: Муллобеков Умедҷон дар мавзӯи “Состояние и проблемы разработки нефтяных и газовых месторождений Республики Таджикистана”
Соли 2023 ҷойи 2. Бахши геология: Ваҳобов Ваҳдат дар мавзӯи “«Исследование закономерностей обводнения газовых скважины в процессе разработки месторождений Таджикистан»
Мавриди зикр аст, ки роҳбари илмии донишҷӯёни дар боло зикршуда, мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ, олими ҷавон ва сермаҳсул номзади илмҳои техникӣ Мирбобоев Шуҳратжон Журабоевич мебошад.