Тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни ҷавонон имрӯз ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳамин аст, ки аксаран ҷавонон бо шавқу завқ ба намудҳои гуногуни варзиш меҳр баста, аз пайи тамрин мегарданд, то дар ин ҷода муваффақ шаванд. Ва ҳамин аст, ки имрӯз ҷавонони замони истиқлол аз ҷавонони дигар ба кулли фарқ мекунанд ва як андоза дар ҳаёташон беҳбудиву саодати зиёдтар дида мешавад. Хабари мо дар бораи нафаре ҳаст, ки бо ҳамин варзишдӯстдорӣ ва тамринҳои пайваста ба қуллаи мурод расидааст.
Донишҷӯйи бахши дуюми факултети металлургия ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунӣ Абдуллозода Наврӯза санаи 27 феврал дар мусобиқаи наврасону ҷавонони ҷумҳуриявӣ оид ба навъи варзиши “Ушу” иштирок карда, сазовори ҷойи аввал гардида, соҳиби камарбанди тиллоии “Дракон” шуд.
Ёдовар мешавем, ки Абдуллозода Наврӯза яке аз донишҷӯёни фаъол буда, дар ҳама мусобиқаҳо ширкат мекунад ва соли гузашта ҳатто ба Ҷумҳурии Халқии Чин низ сафар намуда, дар мусобиқаи варзишӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.
М. Сайидзода