Ёде аз Лоиқ Шералӣ дар кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ

Имрӯз, дар бинои дуюми факултети корҳои кӯҳӣ маҳфили шеъру адаб аз ҷониби кафедраи забони давлатӣ ва забони хориҷӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии имрӯза мудири кафедра Тоҷибоева Манзура ва дигар аъзоёни кафедра ширкат варзиданд.

Чорабиниро нахуст Ҷалолова З. ифтитоҳ намуда, дар бораи моҳият ва мақсади аслии ашъори Лоиқ Шералӣ аз шоирони номдори тоҷик сухан гуфтанд. Қайд намуданд, ки ашъори ватандӯстона ва иҷтимоии Л. Шералӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигар низ шуҳрати беандоза касб намудааст.

Дар чорабинии имрӯза донишҷӯён аз модарномаву дигар ашъори зебои устод Лоиқ Шералӣ пораҳои назми қироат намуда, хотири ҳозиринро шод намуданд.

Дар маҳфили имрӯза ҳамчунин роҷеъ ба осори лирикии шоир низ сухан рафта, донишҷӯён дар ин боб ҳам бо омӯзгорон суолу ҷавоб намуданд.

Дар интиҳо ба як қатор донишҷӯён, ки осори шоири тавоно ва саршиноси тоҷик Лоиқ Шералиро қироат намуда буданд, сипоснома ва ифтихорнома тақдим карда шуд.

Лоиқ Шералӣ аз шоирони фаъол ва меҳандӯсту хештаншиноси тоҷик мебошад, ки ҳамеша худшиносӣ ва барои бедор шудани рӯҳияи тоҷикият садо баланд кардаасту аз ҳаққи таърихии миллати тоҷик даъво пеш овардааст, ки миллати тоҷик ҳаргиз ин хидматҳои бузурги шоирро фаромӯш намесозад.

Ёдовар мешавем, ки Лоиқ Шералӣ аз номдортарин шоирони ватансаро ва меҳандӯсти тоҷик мебошад, ки бевосита зери ҳидоятҳои Қаҳрамони Тоҷикистон  устод Мирзо Турсунзода ба камоли шуҳрат ва эҷод расидааст.

 

Шуъбаи иттилоот