ЯХ БАСТАНИ ВИҶДОНИ ИНСОНИИ ҚИРҒИЗҲО БАРМАЛО ШУД

Борҳо исбот шудааст, ки дар баҳси масъалаҳои марзӣ қирғизҳо хато мекунанд ва нодуруст даъво менамоянд. Зеро масъалаи марзӣ далелу исбот мехоҳад, ки қирғизҳо далел надоранд. Бо роҳҳои гуногун ва ғайриқонунӣ соҳиб шудани замин аз ҷониби қирғизҳо маънои замини онҳо буданро надорад. Чунин амали ғайриқонунӣ, яъне тасарруфи ғайриқарорӣ аз қониби қирғизҳо имрӯз барояшон як далел шудааст. Аммо дар ҳақиқат бошад, замин замини тоҷикон аст ва соҳибони он тоҷиконанд. Ин ҷо мардуми қирғиз ҳеҷ ҳаққи даъвои заминҳои Чоркӯҳро надоранд. Дар ҳамаи маъхазҳои таърихӣ бисёр ҳам кушоду равшан оварда шудааст, ки замине, ки феълан қирғизҳо дар он сукунат доранд, моли тоҷикон аст.

Ҳарчанд имрӯз қирғизҳо ин масъаларо нодида мегиранд ва далелҳову санадҳои таърихиро сарфи назар менамоянду даъвои барғалат пеш меоваранд, аммо ҳақиқат онест, ки гуфтем. Яъне дар таърихи вуҷуди худаш қирғиз аслан дар ин заминҳо сукунат надоштааст ва ягон ҳуҷҷати таърихӣ ҳам инро зикр накардааст.  Ин аз шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақиқат қирғизон дертар ба ин тараф омадаанд ва дертар ин ҷо манзил сохтаанд ва он ҳам боз ғайриқонунӣ ва беризоияти соҳиби замин.

Маълум мешавад, ки қирғизҳо ҳоло даъвои беасос мекунанд ва як сабаби муноқиша оростанашон ҳам дар сарҳад ҳамин аст, ки моро муттаҳам созанду заминҳоро барнагардонанд. Ин ҳолатро ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад ба хубӣ мушоҳида намояд ва дарк кунад, ки қирғизҳо дар баҳси марзӣ ягон ҳаққу ҳуқуқи даъво надоранд ва нодуруст рафтор менамоянд.

Мақсади низоъандозӣ ва ноором сохтани сокинони наздисарҳадӣ ҳам аз ҷониби қирғизон маҳз ин аст, ки баҳси марзро ба дарозо кашанд ва нагузоранд, ки ҳарфи ниҳоӣ гуфта шавад. Зеро ҳамагон хуб медонанд, ки ҳақиқат бар ҷониби мост ва қирғизҳо барои даъво ягон далел надоранд.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур меояд, ки дар масъалаи марзӣ бештар ҳаминро баназар гиранд, заминҳое, ки имрӯз қирғизҳо нишастаанд, замини тоҷикон аст ва ҳаққу ҳуқуқи озодона истифода бурдани онҳоро доранд ва бояд ин ҳаққи хешро даъво кунанд.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори  ДКМТ