Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар донишкада бо ширкати корхонаҳои саноатӣ

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ки  аз рӯи ихтисосҳои равияҳои корҳои кӯҳӣ, металлургия, электромеханика ва иқтисодиёти саноатӣ   мутахассис тайёр менамояд, ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва тақсимоти фардии донишҷӯён баргузор гардид. 

Ёдовар мешавем, ки аз рӯйи нақшаи корӣ ва дастуру супоришҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  ярмаркаи мазкур дар донишкада баргузор гардид. 

Чорабиниро нахуст муовини аввали ректор профессор Замониддин Насриддинов ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонӣ ҳадафи чаҳоруми миллӣ эълон гардидааст ва дар ин самт корҳои зиёде анҷом додаистодаем. Вазифаи мо, ин омода намудани мутахассисон аст, ки дар доираи панҷсолаи рушди саноат бояд  бештар  ҷаҳд кунему мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро тарбия намоем. Мо, ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  нисбати соҳа дарк намуда, ҷавобан талош менамоем, ки даҳчанд фаъолият намуда, барои пешрафти соҳаи саноат саҳмгузорӣ намоем… Сипас, ба ҳозирин намояндагони корхонаҳои саноатиро муаррифӣ намуд.

Дар машварат   раёсати донишкада,  намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Бӯстон, роҳбарон ва намояндагони корхонаҳои соҳавии саноатии зерин:  ҶМТКММ “Апрелевка”, КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, ҶММТАКМ “Анзоб”, КВД “Суғдзаминсоз”,  ҶДММ “Ширкати кӯҳи-саноатии Тоҷикистону Хитой”,  ҶДММ “Нуқрафом”, КФ “Шахтаи Фон-Яғноб”, ҶДММ “Хубҷамъ Инвест”, ҶДММ “Заринк”, ҶДММ “Тоҷфилиз”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Вилояти Суғд,  Бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ш.Бӯстон, ҶДММ “Суғд Семент”, ҶДММ “Воситзода”,  инчунин донишҷӯён-хатмкунандагон  ва намояндагони воситаҳои ахбор иштирок намуданд.

Дар чорабинии мазкур ҳамчунин як қатор хатмкунандагон суханронӣ намуда, иқдоми мазкурро фоли нек ҳисобида ба масъулин изҳори миннатдорӣ баёнд доштанд.

 

 

Шуъбаи иттилоот