Санаи 16.03.2021сол бо ташаббуси кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ рӯзи дарсҳои кушод барои хатмкунадагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Сараввал хатмкунандагон ба дастовардҳои устодону донишҷӯён ва озмоишгоҳи асбобҳои геодезӣ – маркшейдерии кафедраи мазкур, ки дар рафти таълим омӯзандагон аз он васеъ истифода мебаранд, шиносоӣ пайдо намуданд. Оид ба дастовардҳо ва озмоишгоҳи кафедра муаллими калон Тоҳиров А.С. ба хатмкунандагон маълумоти муфассал доданд ва сипас презентатсияҳо ва навори дастовардҳои таълимгирандагони кафедра бо иштироки донишҷӯёни ихтисоси корҳои маркшейдерӣ дар корҳои саҳроӣ низ ба онон намоиш дода, шуд.
Ҳамзамон хатмкунандагон ба дарси намунавии ассистенти кафедра Шарипов Х.Ҳ. аз фанни геодезияи амалӣ ширкат варзида, оид ба шабакаҳои геодезӣ ва таҷҳизотҳои муосири геодезӣ – маркшейдерӣ маълумот гирифтанд.
Дар синфхонаи махсус муҷаҳҳазшудаи кафедра машғулияти амалӣ аз фанни Нақшакашии муҳандисӣ ва компютерӣ, ки аз тарафи омӯзгори ҷавон Дӯсталиев С.Т. баргузор гардид, хатмкунандагон иштирок намуда, оид ба зарурияти омӯзиши фанни мазкур барои ихтисосҳои соҳаи саноати кӯҳӣ, металлургӣ, мошинсозӣ ва дигар самтҳои муҳандиси таъсироти хуб бардоштанд.
Инчунин, донишҷӯёни фаъоли ихтисоси корҳои маркшейдерӣ Носиров Ботур ва Аҳмадалиев Шероз дар назди хатмкунандагон дар бораи ихтисосҳои амалкунандаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо маърӯзаҳои муфассал баромад намуданд.
Хатмкунандагонро барои шиносоӣ аз шароити кунунии донишкада мудири кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ н.и.п. Юсупов С.М. ба осорхона, Донишкадаи Конфутсияи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, озмоишгоҳҳои тоза кардани канданиҳои фоиданок, нафту газ, металлургия, технологияи мошинсозӣ, осорхонаи геологӣ ҳамроҳӣ намуда, довталабонро аз наздик шинос намуд.
Дар интиҳо хатмкунандагон аз майдончаи варзишӣ ва синфхонаҳои варзишии донишкада дидан намуда, дар назди майдони калони варзишии донишкада, ки соли гузашта бунёд гардида буд, аксҳои хотиравӣ бардоштанд. Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар миқёсӣ ҷумҳурӣ мебошад, ки кадрҳои ба соҳаи саноат заруриро омода менамояд.