МУСОИДАТ БА КИШОВАРЗОН ҲАМ ТАРБИЯИ МЕҲНАТДӮСТӢ АСТ!
Субҳи имрӯз ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо донишҷӯёни фаъол дар маҷмӯъ 1300 нафар ба майдони пахта ҳозир шуданд, то ба кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷамъоварии ҳосили пахта мусоидат намоянд.
Кормандону донишҷӯён, омӯзгорони фаъол зери роҳбарии муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ба чидани пахта оғоз намуданд. Ва пирони кор бо як дилгармӣ ва ҳусни ният ҷавононро ба меҳнатдӯстӣ ташвиқ менамоянд.
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон зери сурудҳои Носирҷон Раҳимов, Муродбек Насриддинов, Афзалшо Шодиев Ҷӯрабек Муродов ва Давлатманд Холов бо дили гарм пахта чида истодаанд, ки ин ҳам як навъ мусоидат ба кори кишоварзон ва саҳмгузорӣ дар рушди кишоварзӣ мебошад.
Ҳамовозӣ ба кишоварзон ин саҳмгузорӣ ба хотири фардои нек аст!
Ҳоло дар майдони пахта шодиву сурури кормандону донишҷӯёнро ҳадду канор нест.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона муассисаи соҳавӣ дар ҷумҳурӣ дар корҳои ҷамъиятӣ ва мусоидат ба кишоварзон аз аввалинҳо мебошад.