ЯК ПАДИДА БО ЧАНД ПАҲЛӮ

Шароити кунунии ҷаҳон тақозо менамояд, ки дар мубориза бо тамоми падидаҳои номатлуб на танҳо чораҳои андешидашудаи созмонҳо кифоят мекунад, балки ташабуси ҷамъиятҳо низ бояд кор бурда шавад. Амалан бояд ҷамъиятҳо, яъне шаҳрвандон дар мубориза бо падидаҳои номатлуби асри нав  саҳм гузоранд. Ҳоло вазъияти  ҷаҳонро раванд ва ё худ падидаи ҷаҳонишавӣ, ки таҳдид ба фарҳангу забони миллату қавмҳост тезутунд намудааст. Дар ин ҳолат барои пешгирӣ ва ҳимоя аз фарҳангу забони миллӣ, шаҳрвандонро зарур меояд, ки ҳамаи қувваи худро бар зидди ин падидаи хатарзо сафарбар намоянд, то натиҷаи дилхоҳ ба даст ояд.

Дар асри ҳозир падидаҳои дигари таҳлукаафкан ба монанди терроризму экстремизм  рӯ задааст, ки як зуҳуроти номатлуб ва ғайри қобили қабул мебошад. Аз ҳама тарснок аст, ки ин падидаи номатлуб рӯз аз рӯз шохаҳои худро дар гӯшаву канори олам зиёд намудаистодааст ва ин як омили хатарзост ва ба шаклгирии ҷомеаи нав халал мерасонад.

Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳониро зарур меояд, ки дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дастаҷамъона мубориза баранд ва терроризму эктремизмро, ки заминаҳои зуҳури гуногун ва мухталифро дорост, решакан намоянд. Ягона роҳи мубориза бо падидаҳои номатлуби аср ин сиёсати ягона бурдан баҳри нестии ин падида мебошад. Дар сурати акси ҳол мо наметавонем ба таври комил терроризм ва экстремизмро решакан намоем.

Дар давлатҳое, ки гурӯҳҳои террористӣ ва эктремистӣ зуҳур намудаанд, хеле ҳолатҳои вазнин ва амалҳои вазнини террористиро дидан мумкин аст, ки дар алоҳидаи таърихи ҳамлаҳои террористиро месозад. Гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро даҳшат, ваҳшоният ва куштору террори одамони бегуноҳро  аз худ ба мерос гузоштаанд, ки тасаввур кардани ин ҳолат хеле дарднок аст.

Аммо чӣ кунем, ки аксарияти ин гурӯҳҳои террористӣ ва ё эктремистӣ аз ҷониби давлатҳои алоҳида сарпарастӣ мешаванд ва зери ҳимоят қарор мегиранд, ки раванди муборизо бо ин падидаҳоро суст мегардонад.

Баъзан гурӯҳҳои террористӣ ва эктремистӣ ба худ равияҳои мазҳабиву диниро шиор намуда, онро ҳамчун ҳадафи худ истифода менамоянд, ки ба ҷуз як иддаои холӣ дигар чизе нест. Ҳатто дар мисоли ҳизбу ҳаракатҳои динӣ, ки ба худ характери ифротгарӣ касб намудаанд, метавон ин мисолро равшан эҳсос намуд. Адабиётҳои илмӣ ва маводҳои таҳқиқоти журналистӣ нишон медиҳад, ки аксарияти гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ махсус аз ҷониби гурӯҳҳо ва давлатҳо таъсис ва эҷод гардидаанд, ки баҳри амали намудани ҳадафҳои ин тоифа сафарбар гардидааст. Боигарӣ ва сарватҳои зеризаминии кишварҳо ҳам ҳоло сабаби пайдоиши  ин зуҳуроти номатлуб мебошад. Равшан аст, ки давлати Сурия ҳам маҳз ба хотири дорои захираи бойи нафтӣ буданаш ба маркази терроризму экстремизм табдил ёфт ва майдони набарду амалиётҳо террористӣ гардид. Ҳарчанд боз омилҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки ба майдони ҳарбу зарби терроризму экстремизм табдил ёфтани Сурия асос гардидаанд.

Аммо ин танҳо як омиле буд, ки террористони маргталабро ба худ ҷалб намуд ва онҳо дар ин давлат амалиётҳои вазнини террористиро дар таърихи башарият аз худ ба мерос гузоштанд. Вале ҳодисаи дигареро ҳам кишвари мо дар хотир дорад, ки дар охири солҳои 90-ум аз ҷониби ТЭТ ҲНИ роҳандозӣ шуда буд ва зиёда аз 150 ҳазор нафар бегуноҳ дар ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бевосита аз ҷониби ТЭТ ҲНИ бо фармони хоҷагони хориҷияш роҳандозӣ шуда буд, ба ҳалокат расиданд ва зарарҳои моливу иқтисодиро ҳам наметавон нодида гирифт.

ТЭТ ҲНИ, ки ҳамон замон ҳамчун ташкилоти дини худро муаррифӣ намуда буд ва мардуми кишварро гумроҳ карда буд, дертар чеҳраи аслии худро ошкор намуд, ки на тарафдори дин ҳасту на ҷонибдори мазҳаби миллат, балки як ташкилоти террористӣ-эктремистии махсус ташкилшуда мебошад, ки нахуст барои мардумро гумроҳ сохтан аз боварҳои онҳо истифода  кардааст.

Дертар пас аз пажӯҳишҳо ва таҳқиқотҳои олимон ва рӯзноманигорон маълум шуд, ки ин ташкилоти террористӣ-эктремистии ҳизби наҳзати исломӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон намояндаҳои худро ба мактабҳои террористӣ додааст ва аксарияти аъзоёни ин ташкилоти террористӣ дар рӯҳияи радикалӣ ва фанатизми динӣ тарбия шудаанд ва бо як фармон ҳозиранд ҷони садҳо нафарро қурбон кунанд ва худ ҳамчун маргталаб нест шаванд.

Ин гуна ранг гирифтани корро касе интизор надошт, аммо чӣ кунем ки роҳбарони ҳамонвақтии ТЭТ ҲНИ барои рушд додани терроризм ва экстремизм сафарбар гардидаанд ва аз хоҷагони худ барои  анҷоми амалҳои террористӣ маблағ гирифтаанд ва ба ҳамин раванди кор одат кардаанд.

Аксарияти ҷавонон ва онҳое, ки ба ин созмони террористӣ ҳамроҳ гардидаанд, бо роҳи фиреб ва боварҳои нодурустӣ мазҳабӣ ба балои наҳзатиён гирифтор шудаанд ва ҳоло онҳо пас аз фаро гирифтан бо тамринҳо ва донишҳои махсуси террористӣ бузургтарин хатар бар ҳаёти осоишта мебошанд.

Феълан аъзоёни ТЭТ ҲНИ дар хориҷ аз кишвар ҳастанд ва ин маънои онро надорад, ки ин тоифаи разил ва паст барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод накунанд. Ҳоло ТЭТ ҲНИ бузургтарин хатар бар башарият мебошад, зеро ин ташкилоти террористӣ аз ҷониби гурӯҳҳои муайян сармоягузорӣ мешавад ва он барои башарият хеле хатарзост.

Аз ин рӯ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро зарур меояд, ки барои несту нобуд сохтани гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳаматарафа ва дастаҷамъона мубориза баранд ва омилҳои хатарзоро решакан намоянд, то суботи аҳли сайёра ба таври куллӣ таъмин гардад.

Меҳвар Абдусаломович

омӯзгори ДКМТ