ЯК ОППОЗИТСИЯ, ЯК БУТ, ЯК ЯКДОНА

Фалсафаи Кабирӣ фалсафаи мурғ аст. Ончуноне мурғ мехоҳад дар шоҳаншоҳии ӯ танҳо мӯру малах ва кирму шуллук бошаду бас. Ӯ ҳамеша ба ҳамаи ононе, ки аз вай болотаранд ва ба мардум маҳбубтаранд, бо чашми кина ва рашк менигарад.

Далел? Бубинед, дар аҳди роҳбарии ӯ ҳизби, ба қавле, чиҳилҳазора як кабира дораду халос, ки он ҳам худи ҳазрати Кабирист. Дигар касе нест.

Ононе, ки метавонистанд конкурент бошанд, ба рӯйхати сиёҳи Кабирӣ медаромаданд ва ҳизбро тарк мекарданд ё ба тақдир тан медоданду якумр дар сафи “ва дигарон” мемонданд. 
БОЗ ЯК ДАЛЕЛ: ба чеҳраи ҳампаймонони нави Якдона бингаред. Ягон номро намеоварам, зеро ҳама ҳамсангу ҳамранги якдигаранд. Ҳама гуна шарҳ як сангест, ки барои мувозинати бор ба тарафи дигари лингаи алаф ё ҳезум мегузоранд ва чун хар ба манзил расид, он сангро меафкананд.