Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як гурӯҳи 8-нафарӣ, аз ҷумла як аробакаши бозор ва чаҳор донишҷӯро бо ҷурми тарғиби ақидаҳои ҷараёни мамнӯи “Салафия” ва “хабар надодан ба мақомот” зиндонӣ кард.
Ин ҷавонҳо дар маҳаллаи Себзори маркази Хуҷанд як хонаи заминиро ба иҷора гирифта, дар онҷо зиндагӣ доштанд.
Мақомоти амниятӣ Комрон Назмиддиновро охирҳои моҳи июн ва Абдуназар Назаровро моҳи августи имсол дастгир карданд.
“Сабти суҳбати телефонӣ ҳаст”
Масъулони Додгоҳи Хуҷанд гуфтанд, Комрон Назмиддинови 18-сола, ки дар бозор аробакашӣ мекард, бо ҳамсоли бекораш Абдуназар Назаров ақидаи “Салафия”-ро пазируфта, рафиқони ҳамхонаи худро ба қабули ин равия ташвиқ кардаанд.
Ба қавли манбаъ, сабти суҳбати телефонии Назмиддинов, ки дар он яке аз рафиқонашро ба қабули ақидаи равияи “Салафия” даъват мекунад, ҳамчун далели шайъӣ ба парванда илова шудааст. Ин ду нафарро додгоҳ барои “ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)” ҷиноӣ айбдор дониста, ба 6 сол ҳабс дар зиндони низомаш сангин, маҳкум кард.
Шаш моҳ ҳабс – барои хабар надодан
Додгоҳ шаш рафиқи ҳамхонаи онҳо — Субҳоналӣ Абдуҷабборов, Камолҷон Ахунов, Саидмурод Давлатов, Ҳаитбой Шодмонқулов – донишҷӯёни факултаҳои рӯзноманигорӣ, ҳуқуқ ва таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Далерҷон Самиеви хатмкардаи ин донишгоҳ ва Ғуфрон Неъматовро, ки бекор будааст, барои “хабар надодан” ба 6 моҳи ҳабс дар зиндони дорои низомаш умумӣ маҳкум кард.
Қарори додгоҳ рӯи 20-уми ноябр содир шуда, ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.
Комрон Назмиддиновро мақомоти амниятӣ охирҳои моҳи июн ва Абдуназар Назаровро моҳи август дастгир карданд. Додгоҳ мегӯяд, шаш узви дигари ин гурӯҳ замони тафтиши парванда ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зисти худ дар озодӣ қарор доштанд.
“Иҷораи арзон онҳоро ба ҳам оварда буд”
Ин ҳашт ҷавони аз 18 то 30-сола дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтаанд, ки хонаи иҷораро ба хотири арзон афтодан якҷоя гирифта буданд ва моҳе ҳар кадом 100 сомонӣ пардохт мекарданд.
Ҷараёни тозапайдои “Салафия”, ки фаъолияташ аз соли 2009 дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, охири соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии кишвар созмони экстремистӣ эълон шуд. Бино ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, дар соли 2017 додгоҳҳо даҳҳо парвандаи муттаҳамон ба терроризму эктремизмро баррасӣ кардаанд.
Аз сомонаи «Радиои Озоди»