ЯКПОРЧАГИИ МИЛЛАТ МУҲИМ АСТ

Дар сомонаи расмии ДДҲБСТ мақолаи номзади илми фалсафа С.Муртазоевро бо номи “ТАЪМИНИ ЯКПОРЧАГИИ КИШВАР” мавриди мутолиа қарор додам. Муаллиф менависад: “ Ҷомеа, ин як падидаи яклухт буда, аз маҷмӯи одамони синну сол, касбу кор, дараҷаи маърифатнокӣ гуногун иборат аст. Он ҳамчун ҷисми алоҳидаи инсонӣ аз бемориҳо орӣ нест. Радикализм, экстремизм ва шаклҳои гуногуни он, терроризм, СПИД, Саратон ва ғайраҳо ҳамчун беморӣ, ба одамони алоҳида ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хос буда, бар зидди чунин бемориҳои сирояткунанда тамоми инсонияти ботаммадун мубориза мебарад ва то андозае комёб ҳам гаштааст.

Лекин дар ҷомеа бо баробари маризиҳои умумиинсонию умумиҷаҳонӣ касалиҳое вуҷуд доранд, ки дорои хусусияти маҳалливу миллӣ мебошанд. Хатару зарари онҳо барои ҷомеа аз бемориҳои умумибашарӣ кам нест.  Ин касалӣ миллатгароӣ  ва маҳалгароӣ буда, миллатгароӣ ба муносибати халқу миллатҳо зарба мезанад, маҳалгароӣ бошад дар дохили миллати муайян зоҳир гардида ба як порчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагии миллат латма мезанад.

Бе сабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳар як паём ва суханрониҳои худ ба ваҳдати миллӣ ва таъмини якпорчагии кишвар диққати махсус медиҳанд.

Табобат, ислоҳи бемориҳои гуногуни иҷтимоӣ,  аз ҷумла миллатгароиву маҳалгароӣ аз равнақдодани худшиносии миллӣ, муҳаббати самимона ба Ватан, эҳтироми ҳамдигар, арҷгузоштан ба анъанаҳои мллӣ вобастагии ҳамаҷониба дорад.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ҳар як тоҷик катъи назар аз кадом минтақа ё кишвар буданаш бояд фахр кунад ки тоҷик, аст вориси бузургони халқи тоҷик аз қабили Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Шайх Камолу Мавлоно Балхӣ ва Айниву Бобоҷон Ғафуров мебошад.”

Зимнан, якпорчагии миллат басо дар шароити феълӣ муҳим мебошад.

 

С. Хӯҷаев, омузгори ДКМТ