ТТЭ ҲНИ – ТАШКИЛОТИ ИФРОТГАРОЁН АСТ ВА ҲАРГИЗ ҲИДОЯТГАРИ ҶОМЕА БУДА НАМЕТАВОНАД

Таърих гувоҳ аст, зеро ташкилоти ифротгаро, террористӣ ва экстремистии ҲНИ дар ҳақиқат зери дастгирии хоҷагони хориҷии беватану беимон муддате фаъолияти ғайриқонунӣ намуда, дар таърихи навини тоҷик доғ гузошт. Амалҳои нангини ғайриинсонӣ, террористиву экстремистӣ содир намуда, ба ҳаёти осоиштаву босуботи мардуми шарифи тоҷик, сулҳу субот, пешрафти иқтисодии кишвар монеаҳо эҷод намуд. Ин амалҳои хиёнаткоронаву нангин ва ғайриинсонии  ТТЭ ҲНИ аз ҷониби халқи азизамон ва ҷомеаи демократии ҷаҳонӣ маҳкум гардида истодааст.

Якчанд амалҳои нангини ин ташкилоти ғайриқонуниро маҳкум менамоем. Моҳи апрели соли 1992 вақте, ки ТТЭ ҲНИ тибқи нақшаи хоҷагони хориҷӣ ҷанги шаҳрвандиро оғоз намуд, дар ибтидо фаъолияти он гаравгонгирии мардум, кушодани зиндонҳо, шиканҷахонаҳо ва қатлгоҳҳо буд. Нангинтарин кори ин ташкилоти ғайриқонунӣ солҳои 1991-1992  дар он буд, ки онҳо дар зиндони марказии ҳаммоми совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш садҳо нафар одамони бегуноҳро нигоҳ дошта, бе ягон муҳокима шиканҷаву азият дода,  қатл мекарданд.

Дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ аз тарафи наҳзатиёни беимон «бочка-зиндонҳо» ва «бочка-шиканҷаҳо» истифода бурда мешуд, ки онҳо систернаҳои оҳании об ё бензину керосинро гирифта, одамонро дар даруни онҳо зиндон мекарданду ташнаву гурусна нигоҳ медоштанд. Дар як бочкаи оҳанини як-ду тоннагӣ то 7-8 нафарро андохта, дари онро қулф карда мемонданд. Аксарияти одамони бегуноҳ-пиронсолон, занону кӯдакон аз гармии тоқатфарсо, гуруснагӣ, аз нарасидани ҳаво нафасгир шуда, азият кашида, мефавтиданд. Чунин «бочка-зиндонҳо»-и ТТЭ ҲНИ-ро дар ноҳияи Ҷиргатол ва Тоҷикобод бо ном командири машҳури ТТЭ ҲНИ Шайхи Ёрибек, дар Нуробод Мулло Абдулло, дар Роҳатӣ «Раҳмон Гитлер» ва Мансур (ҳама беимон ва беватан, хоинони миллат) васеъ истифода мебурданд.

Ин даҳшатноктарин тарзи ҷазодиҳӣ, шиканҷа ва қатл буд, ки маҳз ТТЭ  ҲНИ истифода намуда, ҳазорон нафар бегуноҳонро куштанд.

Канӣ мусулмониву имондорӣ ва ё ватандорӣ. Не, ингуна одамон (аъзоёни ТТЭ ҲНИ) на мусулмонанду на имондор, ингуна шахсҳо хоинони миллат буда, садқаи Ватани маҳбубамон шаванд.

Наҳзатиҳои беимон гумон доранд, ки М. Кабирӣ (беимон, беватан, бевиҷдон) ин амалҳои нангинро, ки содир намуданд дар беруни кишвар таҳти дастгириҳои хоҷагони хориҷӣ мепӯшонад, ё мардуми тоҷик ин чизҳоро фаромӯш кардааст? Не, ҳаргиз. Барои исбот, даҳҳо нафар мардуми минтақаи Нуробод, Ҷиргатол, Тоҷикобод, Ромит ё Роҳатӣ то имрӯз ҳам аз ин шиканҷаи бемисл дар «бочка-зиндонҳо»-и ТТЭ ҲНИ назди духтурҳои рӯҳшиносу асабшинос табобат мегиранд. 

Хуллас, дар ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки ТТЭ ҲНИ бо сарпарастӣ ва роҳбарии хоҷагони хориҷиашон онро ташкил намуд, аз тарафи ин ташкилот зиёда аз садҳо, ҳазорон нафар аҳолии кишвар кушта шуд. Ҳазорҳо оилаҳои солим вайрон гардида, кӯдакону тифлони бегуноҳ ятим гардиданд. Ҳазорҳо хонаҳои истиқомативу корхонаҳо вайрону валангор гардиданд. Иқтисодиёти миллӣ дар ин давра рӯ ба таназзул ниҳод.

Ташвишовар он аст, ки сентябри соли 2015 ин ташкилоти экстремистию террористӣ бо дастгирии хоҷагони беватани хориҷӣ ва бо воситаи генерали хоин Назарзода Ҳ. нақшаи табаддулоти давлатиро амалӣ карданӣ шуда, ба сулҳу субот, ваҳдату амният ва якпорчагии Тоҷикистон монеа эҷод карданӣ шуданд. Хушбахтона ин амали нопоки онҳо сари вақт саркӯб шуду Тоҷикистони азизамон аз ин хатар наҷот ёфт. Аз ҷониби  Суди Олӣ фаъолияти ин ташкилоти ғайриқонунӣ қатъ шуд.

Мавриди  зикр аст, ки имрӯзҳо агрегати якуми неругоҳи обии Роғун ба фаъолият оғоз намуда, баҳри истиқлолияти энергетикии кишвар асоси қавӣ гузошт.

Мардуми меҳнатқарини Ватани маҳбубумон-Тоҷикистон азму талош доранд, ки 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо комёбиҳои  назаррас пешвоз гирифта, ба суи комёбиҳои нав аз қабили бунёдкорӣ, созандагӣ ва гул-гул шукуфии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ -Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳсипор бошанд.

Поянда бод Тоҷикистони соҳибистиқлол.

               

 

                                  Ниязова Саломат -муаллими калони  кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии

                                                                              Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон