ЭҶОДИ ХУСУМАТ ВА ХУРОФОТУ ТААССУБ Ё ИДОМАИ НАЗАРФИРЕБИЮ ФАЗЛФУРӮШИИ НАҲЗАТИҲО

Мусаллам аст, ки дар ҷомеа ҳар қадар таассубу хурофоти динӣ – мазҳабӣ реша давонад, ҳамон қадар заъфи равонӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва сиёсӣ – мафкуравӣ дар рӯҳи иҷтимоӣ тасаллут пайдо намуда, динамикаи таҳаввулу инкишофи зеҳнию ақлониро бозмедорад. Дар сохтани фазои хурофоту таассуби динӣ – мазҳабӣ, ки батадриҷ дар ҷомеаи мо нуфуз пайдо карда, ҳанӯз ҳам реша дорад, нақши ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва фазлфурӯшиҳои элитаи фирории он назаррас аст.

ТТЭ ҲНИ ва роҳбарияти фирории он тайи даҳ соли охир ҳамеша бар пояи тарҳи озору гилоя ва шикваю шикоят домони интиқоди муғризона барзада, боиси буғранҷ ва мураккаб шудани вазъ дар минтақа гардидаанд. Расонаҳои мустақили дохилию хориҷӣ то имрӯз аз роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва рӯҳониёни ба он марбут тамҷид карда, ба ин восита худогоҳ ва нохудогоҳ теша бар решаи низоми сиёсии дунявӣ, ки озодандешӣ ва инсонмеҳвариро дар баробари тамомиятхоҳии динӣ – мазҳабӣ тақдир менамояд, мезананд. Бехабар аз он ки роҳбарияти ТТЭ ҲНИ дар даҳсолаи наздик сабабгори ҷаҳолатгаро, хурофотӣ ва мутаассиб шудани қисмати зиёди мардум гардидааст ва қасдан шароити мусоиди анҷоми фароизи диниро, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум додааст нодида гирифт ва ҳатто имрӯз ҳам фирориёни наҳзатӣ дар хоки бегона туҳматзаниҳою ғаразкориҳоро алайҳи Ҳукумат идома медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар миқёси фазои пасошӯравӣ ТТЭ ҲНИ ягона ҳизби сиёсие буд, ки озодона дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолият мекард ва аз ин имтиёз суиистифода намуда, билохира (ибтидои сентябри соли 2015) даст ба исёни сиёсию низомӣ дар қолаби амалкарди Абдуҳалим Назарзода зад, ки паёмади он ба ҳама маълум аст.

Пас аз амалиёти Назарзода якчанд саркардагони наҳзатӣ, ки дар исёни сиёсӣ – низомӣ бевосита ё бавосита даст доштанд, аз сӯйи мақомоти дахлдори давлатӣ боздошт шуданд. Дар хотир мондааст, ки дар ҷараёни бозпурсӣ ва мурофиаи судии аъзои Раёсати олии ТТЭ ҲНИ чанд нашрияи мустақил ва баъзе  расонаҳои хориҷӣ аз ин иқдоми саривақтии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ интиқод намуда, рӯйирост аз наҳзатиёни боздоштшуда беасос ҳимоят карданд. Албатта, ҳимоят ва пуштибонии моддию маънавии ТТЭ ҲНИ ва саркардагони он аз ҷониби баъзе кишварҳо, созмонҳо, ниҳодҳои сиёсии берунӣ далели худро дорад. Далели аслӣ он аст, ки ниҳоду созмонҳо ва баъзан кишварҳои алоҳида бо наҳзат ҳамкории чандсамта дошта, тавассути ҳамкориҳо ниёзҳои худро дар минтақа бароварда месохтанд ва имрӯз ҳам аз лоиҳаи ба ном «Наҳзат» васеъ истифода мебаранд. Ин аст, ки то имрӯз баъзе доираҳои сиёсию ҳуқуқии ғарбӣ аз ТТЭ ҲНИ ба унвони ҳизби «муътадил, ҷабрдида ва пешрафта» ёд мекунанд. Аслан, онҳо хуб медонанд, ки роҳбарияти ҳизб дар ботин чӣ нақшаву тарҳҳоеро рӯйи даст дошта, он барномарезиҳо ҳанӯз дар зеҳни пешвои фирории наҳзат М. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш қарор доранд ва барои роҳандозии он дар хориҷ аз кишвар барои пиёда намудани барномаҳои сиёсию низомӣ дар минтақа сармояи «саҳҳомон» – ро ҳадафмандона ҷуста ва меҷӯянд. Маҳз аз тариқи сармояи «саҳҳомон» расона ва торнамои ҳизб дар хориҷ фаъол буда, барномаҳои иғвогарона ва муғризона интишор медиҳад ва ҳар гуна иттиҳоми нораворо ба давлати миллӣ мезанад. Хабару гузоришҳои расонаҳои наҳзатӣ ва хабаргузориҳои пуштибони он аз сиёсати давлат ва Ҳукумат дар қиболи ТТЭ ҲНИ ва муҷримони он шадидан интиқод карда, ҳамарӯза зиндонӣ кардани ононро ғайриқонунӣ арзёбӣ менамоянд. Дар ҳоле ки ҳуҷҷат, аснод, шавоҳид ва далоили шайъие вобаста ба кирдори хашину тавтеасозии наҳзатиҳо рӯйи дасти мақомоти тафтишотӣ қарор доранд. Мутаассифона, имрӯз ҳам дар ҷисму рӯҳи аксари кулли муҷримини наҳзатӣ метавон дарди султагирӣ ва тамомиятхоҳиро ба хубӣ мушоҳида кард. Мунтаҳо, ғаризаҳои қудратталабию салтанатхоҳии роҳбарияти ҳизб буд, ки ТТЭ ҲНИ – ро ба созмони террористӣ ва экстремистӣ бадал карда, миёни мардум беобрӯ сохт. Шармандагии солҳои навадуми асри бист басанда набуд, ки роҳбарияти муосири наҳзатӣ ба «иқдом» – и навбатӣ – омода кардани кудатои сиёсӣ-низомӣ даст зада, ҳизбро дар фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании ҷумҳурӣ батамом шарманда ва радди маърака кард.

То имрӯз дар робита бо муҷримини ҳаводиси ибтидои моҳи сентябри соли 2015 – аъзои Раёсати олии ҲНИ пайравон, ихлосмандон ва пуштибонони дохилию хориҷии наҳзат садо баланд намуда, ҳукми додгоҳро ғайриодилона унвон мекунанд. Маълум аст, ки роҳбари фирории наҳзат ва «обсофкунҳояш» чун анъана аз беадолатии додгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар шикоят мебаранд, гилагузорӣ мекунанд ва бо ин роҳ худро «мусичаи бегуноҳ» ва Ҳукумати ҷумҳуриро муқассири бадбахтиҳои ҳизб талаққӣ мекунанд. Охир то ба кай «худсафедкунӣ» – и наҳзатӣ идома меёбад ва то кай ин авомфиребӣ, ки оқибат мунҷар ба дарҳамбарҳамиҳои иҷтимоӣ, нобоварию нофаҳмиҳои мардумӣ мегардад, давом мекунад?

Воқеан, агар аз тариқи қонунӣ пеши роҳи силсилаи фитнаангезиҳо, назарфиребиҳо, найрангбозиҳо, тамомиятхоҳиҳо, султаталабиҳо, ғаразгӯйиҳо, кинаварзиҳо, бегонапарастиҳо, ҷаҳолатписандиҳо, ки бо ҳавои сиёсати наҳзатӣ ҳамоҳанганд, гирифта намешуд ва муҷриёни ин сиёсати авомфиреб ва дунявиятситез муҷозот намешуданд, адолат зери суол мерафт ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон назди мардум ва халқ мебоист посухгӯ мебуд. Аз ҷониби дигар, элитаи сиёсии наҳзатӣ дар пайи эҷоди хусумат, ноамнӣ ва муҳимтар аз ҳама, густариши хурофоту таассуби динӣ – мазҳабӣ ҷиддӣ «иқдом» карданд, ки ин навъи фаъолият то имрӯз ҳамчунон идома дорад.

Фаридун ОРИЁӢ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

ду × 2 =