ЭҲТИРОМИ ПУЛИ МИЛЛӢ – ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ

Баробари дигар рукнҳои  муқаддаси миллӣ пули миллӣ низ боиси ифтихор мебошад. Аз соли 2000-ум инҷониб асъори миллӣ бо номи сомонӣ ва дирам мавриди муомила қарор гирифтааст. Дар ин байн пули миллӣ аз ҷониби мардум эътироф гардид. Дар руйхати асъори хориҷӣ мақоми худро гирифт.

Ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сиёсати пули миллӣ дар ҳама ҷабҳа мавкеи хос дорад.

Фарҳанги истифодаи пули миллӣ тақозо мекунад, ки бештар онро ҳифз кунем. Беҳуда ба руи пулҳои қоғазин сурат накашем, хат нанависем ё рақами телефонро нагузорем. Бешубҳа ин аз сатҳи фарҳанги мо ва дониши сиёсии ҳар кадом шаҳрванд бастагӣ дорад.

Ҳамагуна, шиорпартоиҳои сиёсиро дар асъори хориҷӣ маҳкум мекунем.

Эҳтироми пули миллиро бояд дар ҳама давру замон ба ҷо гузошт.  

 

 

 

 

Сарвар Дусталиев, омузгори ДКМТ