Дар як муддати кӯтоҳ ҷумҳурии азизамон ба шарофати хизмату заҳматҳои Пешвои Миллат ва муттаҳидии мардуми сарбаланди тоҷику тоҷикистониён қадам ба қадам дар олами ҳастӣ соҳибэътибору соҳибқадр ва нуфузаш дар арсаи ҷаҳонӣ боло рафта, миллати тоҷикро мардуми ҷаҳон чун миллати ташаббускор ва номбардори бузургон шинохт ва шинохта истодааст. Аз қадим миллати тоҷикро ҳамчун миллати бофарҳанг ва бонангу номус мешиносанд ва дар хориҷ ҳар инсони соҳибфарҳанг чун донанд, ки ҳамсуҳбаташ аз миллати тоҷик аст бо эҳтиром сухан мекунад, зеро ягон соҳае нест, ки пешбарандаи он аз ин миллати сарбаланд набошад ва барои исботи сухан ба умқи таърих меравем: Пас аз Қуръон, ки китоби худовандӣ аст, беҳтарин китоб, ки дар дилу дидагони тамоми олами ислом ва берун аз он аст ин “Саҳеҳ Бухорӣ” аст ва ин шахсияти нотакрори олами ислом тоҷикзабонанд ва ё дар соҳаи тиб агар назар кунем, ба даҳҳо забон китобҳои Абӯалӣ ибни Сино тарҷума шуда ва дар муддати 1000 сол китоби ин файласуфи хирадманд китоби рӯи миззии тамоми табибони олам гардида… Аммо, афсӯс, ки чанд тангназару ҷоҳил ва аз ислому инсонигарӣ фарсахҳо дур монда даст ба қатли сайёҳони хориҷа зада, авзои ҷомеаи ҷаҳониро ноором ва номи миллатро доғдор ва ба обрӯи байналмилалии ҷумҳурии азизамон зарбае зад ва ин амали онҳоро тамоми қишри ҷомеа бо як овоз маҳкум намуда, онро номардию ноҷавонмардӣ хонд ва бори дигар суханони ҳакимонаи Пешвои Миллат исботи худро ёфт: Террористу экстремист дин, мазҳаб, миллат надорад”.
Замоне, ки дар шаш моҳи сипаришудаи соли 2018 аз рӯи маълумотҳои ВАО зиёда аз 900 ҳазор сайёҳон аз Тоҷикистон дидан намуданд ва ин нишондод нисбати солҳои гузашта якчанд маротиба зиёд аст. Аммо дар муқобили ин ҳама пешрафту муттаҳидии миллати сарбаланд ин амали нангину ноҷавонмардона дили ҳар шунавандаро реш-реш мекунад ва чун дар тарозуи шариат, одаму одамгарӣ ва дар тамоми тарозуе ки ҳаст амали ин разилонро бар накашем дар муқобилаш фақат душмани халқу миллат, хоиниву ватанфурӯшӣ ва номусалмонӣ меистад. Паёмбари гиромиқадр(дуруду салом ба руҳи покашон) мефармоянд:”Ҳар он нафаре, ки имон ба Худову охират дорад пас меҳмонро ҳурмат кунад”. Миллати тоҷик расми хубе дорад, ки он меҳмоннавозӣ аст ва ин нафарони даст ба қатли сайёҳон задаро бо иттифоқи ҳамаи қишрҳои ҷомеа метавон душмани халқу миллат ва душмани ислом номид, зеро онҳо тамоми муқаддасоти миллию диниро зери пой карда, гуноҳеро анҷом додаанд, ки нобахшиданист ва ин амали онҳо доғи сиёҳе дар таърихи миллат боқӣ хоҳад монд.
Қ.Азизов, мудири шӯъбаи тарбияи ДКМТ