ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АЗ ЭҲТИРОМИ ЗАБОН АСТ

Боиси ифтихор аст, ки ҳануз 30 сол муқаддам соли 1989 дар Тоҷикистон аввалин маротиба Қонуни забон қабул гардида, ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд.

Забон воситаи муомилот ва муоширати одамон аст. Донистани ин ё он забон ба кас имконият медихад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботхои рузмарраи хаёт огах гардад. Донистани забони гайр донистани вокеияти хаёти миллати дигар ва кулли дигаргунихои олам аст. Барои омухтани забони дигар мо бояд, пеш аз хама забони модарии хешро ба хубй донем. Озодона хамаи сохахои хаёти худро омухта аз худ намоем. Зеро бунёди забони модариамон ба осонй ба даст наомада.

Аз сари сад минбар афтоданд нозирхои у.

То наафтанд аз забони хештан.

Дар сари сад дор чон доданд шоирхои у.

То наафтад бар замин қадри сухан.

Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон оиди манзалати забони модарй чунин гуфтааанд:

«Миллате, ки арзишхои миллии хешро кадр карда наметавонад, киммату манзалати забони миллати гайрро низ эътироф наметавонад кард». Аз ин ру бисер мебояд чахд намуд, ки забони миллати хешро ба пуррагй аз худ кард. Дар катори омухтани забони миллати хеш омухтани забонхои дигар низ бе манфиат нахохад буд. Дар мавриди донистани забони гайр кас метавонад бе ягон душворй бо ин ё он забон гуфтугу намояд. Аз дарду дог ва бурду бохти ин миллат чизе омузад. Рузномаву мачалла ва ахбори он миллатро ба хубй аз худ кунад. Ё худ хангоми мусофират ё сафар ба монеаву душворихо ру ба ру нагардад. Озодона дар муомила бошад ва худро осудаву бофарогат эхсос намояд.

Дар аксари манотиқи кишвар барои рушди забони давлатӣ ва гиромидошти забонҳои қадимаи сарзамин дар Яғнобу Бадахшони куҳӣ имкониятҳои фаровон муҳайё карда шудааст. Рисолати мо шаҳрвандон низ аз он иборат аст, ки ба хотири гиромидошти Қонуни забони давлатӣ талош варзем.

 

М. Эгамов, декани факултети электромеханикаи ДКМТ