ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ

Дар сомонаи Ховар хондам, ки “ Арзишҳои миллӣ бунёди аслии ҳар як миллатанд. Дар ин ҷаҳони густурда ҳар миллат зебоии худро дорад, рангу бӯи хоси худу фарҳанги худро дорад. Ҳар кадоме ба қадри захираву заминаи фарҳанги илмии худ дар тамаддуни ҷаҳон нақше дорад. Яке камтар ва дигаре бештар ва ҳар кадом аз инҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ аҳамияти хосаро соҳибанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бузургони миллат бо меҳру муҳаббати хоса, бо садоқате, ки ба забони тоҷикӣ доранд, кӯшиш менамоянд меъёрҳои забони адабиро риоя карда, бо забони фасеҳу шоиронаи тоҷикӣ озодона ҳарф зананд ва фикру андешаҳои худро бо ин забони гӯшнавоз ва гуворову дилкаш озодона, равшану возеҳ баён созанд.

Чунин эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки наслҳои оянда барои ҳифзу нигаҳбонии ин муқаддасоти миллӣ талош варзида, онро ба сифати меҳри модар қадрдонӣ хоҳанд кард.

Яке аз он адибоне, ки забону миллати худро дӯст медорад, ба арзишҳои миллӣ эҳтироми баланд дорад, ҳар шеъру суханаш бо васфи Ватану Тоҷикистон оғоз мешавад, устод Назри Яздонӣ мебошад.

Таронаи “Тоҷикистон беҳтар аз ҷон”-и Назри Яздонӣ лаҳзаҳои хотирмоне дорад. Муаллиф қисса мекунад, ки як марди солдида дар роҳ ба ӯ арзи эҳтиром карда, гуфтааст, ки “маро дар муҳоҷират аз як гӯшам хоки Ватан мекашид ва аз гӯши дигарам суруди “Тоҷикистон беҳтар аз ҷон”. Ин ва дигар сурудҳои шоири миллат дар торнамоҳои иҷтимоӣ хонандагону шунавандагони худро доранд. Барои мисол, суруди “Сафири Ватан”-ро мегирем, ки аз ҷониби ҳунармандони тоҷик омодаву сароида шудаву танҳо дар сайти “Ютуб” мухлисонаш ба чандин ҳазор расидаанд…

Қисми сеюми китоби «Ҳикмати озодагон»-и Назри Яздонӣ соли 2017 аз чоп баромада буд. Китобест, ки аз арзишҳои миллии тоҷикӣ ё тоҷикон қисса мекунад. Мазмуну мундариҷаи ин китоб борҳо тавассути телевизиону радиоҳои мамлакат садо додаву дар ҳафтаномаву маҷаллаҳо нашр гардидааст.”

Оре, эҳтироми миллат аз пос доштани хотираи гузаштагон сар мезанад.

 

Китоби «Ҳикмати озодагон» аз китобҳои муътабари Назри Яздонӣ мебошад, ки дар ҷомеаи навини тоҷикон мавриди мутолиаи аҳли илм ва аз ҷониби олимони тоҷик баҳои баланд гирифтааст.

 

                                                             Нодир Иброҳим, омузгори ДКМТ