Масъулият худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи имрӯза ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба душаш гузошта шудааст, дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки ин масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд.
Бояд қайд намуд, ки ояндаи миллат вобаста ба таълими фарзанд аст, аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳантдӯстиву худшиносии миллӣ асос гузорад.
Бояд гуфт, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тақозои ҷомеа ва замон буда, он барои таълиму тарбияи фарзанди комил, таҳкими сармояи зеҳнӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳо вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд нигаронида шудааст.
Мақсади Қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватнадорӣ, эҳтироми арҳишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мбеошад.
Бояд ҳар як оила нисбат ба фарзанди худ аҳамияти ҷиддӣ бидиҳад, беаҳамиятӣ ба ҳар гуна роҳҳои номатлуб оварда мерасонад.
Сабаби наомӯхтани дониш аз тарафи донишҷӯ ҳамин аст, ки беназоратӣ аз тарафи волидайн ва саривақт муроҷиат накрадани маъмурини муассисаҳои олӣ ва волидайни донишҷӯ.
Муроҷиат накардани маъмурини муассисаҳои олӣ сабабби яекмин мешвад. Вақте. Ки донишҷӯи мебинад аз ҳарду тараф назорат нест (баъд сар мешавад бевақт даромадан ба дарсҳо ва ғ.. Аз ҳамин сар мешавад ҷиноятҳо ва шомил шудан а ҳар гуна гурӯҳҳо ва ҳаракатҳо.
Вақте, ки донишҷӯ ягон қонуншиканӣ мекунад волидайни ӯ ба маъмурини муассисаҳои олӣ муносибатҳои беҷое мекунанд ё садо баланд мекунанд.
Агар аз маъмурини суоле швад ба волидайн Шумо ягон маротиба аз донишомӯзии фарзандатон бохабар будед, ки фарзанди шумо ба чӣ гуна кор машғул аст.
Аксари волидайн аз ин гуна суолҳо ҷавобе дода наметавонанд, чаро?
Аз он бармеояд, ки волидайн аз донишомӯзии фарзанд бехабар нестанд.
Волидайни азиз агарки худи Шуо аз аҳволи фарзанди худ ва аз донишомӯзии он аҳамияти ҷиддб надиҳед, пагоҳ умеди калон аз ӯ нахоҳад дошт.
Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ.
То ба охир мервад девор каҷ
Шодизода Сомон
донишҷӯи бахши 3, ихтисоси Ҳифзи муҳандисии муҳити зист