ЭЪТИРОФИ ҶАВОНМАРДОНА ВА НАВИШТАИ ХИРАДМАНДОНА

Роҳбари созмони “Ватандор” Додоҷони Атовулло дар саҳифаи фейсбукии худ матлаберо гузоштааст, ки аз чанд ҷиҳат ибратбахш ва қобили мулоҳизаву дастгирист. Ин навиштаҷоти кўтоҳ, вале пурмаъно асрори воқеаҳои зиёдеро ифшо месозад ва то андозае ба баъзе аз саволоти беҷавоб ҷавоб медиҳад. Аввал ин ки чи гуна дар моҳи августи соли 1992 нафарони дигарандешро, ки ҳамсангарӣ бо наҳзатиён доштанд, онҳоро канор зада ба руйхати сиёҳашон ворид намуда ба куштори онҳо дастур фармудаанд, ки дар ин радиф Додоҷони Атоулло ва Ҳоҷиакбар Тураҷонзода буданд.

Нуктаи дигар ин аст, ки дар маҷлиси Теҳрон, ки бархурди Додоҷони Атоулло бо Шодмон Юсуфу Тоҳири Абдуҷабор ва махсусан бо Муҳаммадшарифи Ҳимматзода аҷиб ва такондиҳанда аст. Мусаллам аст, ки наҳзатиҳо ба мисли оятуллоҳои эронӣ ҳар нафареро, ки мухолиф ва  дигарандеш бошанд, уро яҳудӣ ё гумоштаи яҳудиён унвон мекунанд. Махсусан ин гуфтаи Ҳимматзода ки “Додоҷон ман туро хуб мешиносам, газетаи ту “Чароғи рӯз”, газетаи яҳудиҳо аст. Ту ба яҳудиҳо хизмат мекуни”, хеле ҷолиб мебошад. Воќеан, ин як тавтеаест, ки наҳзатиён онро ба ҳамаи нафароне, ки ақидаи онҳоро қабул надоранд ва ё озодандешанд, ба онҳо барчаспи яҳудигароиро мезананд.

Нуктаи дигар ин аст, ки новобаста аз ин ки Додоҷони Атовулло корҳои зиёдеро барои собиќ Иттиҳоди мухолифин анҷом додааст, вале наҳзатиён онро ҳеҷ гоҳ ҳамчун “одами худӣ” қабул надоштаанд. Шояд ин бозгўкунандаи он бошад, ки дар баробари мухолифати ақидатӣ, барои онҳо маҳаллият низ дар дараҷаи аввал қарор мегирифтааст.

Масъалаи дигар ин аст, ки Додоҷони Атоулло ошкоро тасдиқ менамояд, ки пас аз таъсиси созмони “Ватандор” аз дасташ миллионҳо гузаштааст ва ҷавонмардона иқрор мекунад, ки ҳар гуна созмон ё ташакулла бо сармоягузорӣ барпост, на ба чизи дигар. Масъалаи дигар он аст, ки ҳар ҷо ки нооромӣ ё бесуботии иҷтимоӣ бошад он ҷо дузд, қаллоб, камондор, бо зури силоҳ чизу дороии мардумро ба ғорат мебаранд. Нуктаи дигар дар ин навишта он аст, ки бо тавтеаву фарёдҳо ҳазорон нафарро гул заданд, ба майдонҳо кашиданд, ба онҳо ваъдаҳои осмонӣ доданд, силоҳ бар дасташон ниҳоданд ва дар охир қурбонашон карданд. Аммо имрӯз касе аз онҳо ёд намекунад ва ҳатто  тифлаконашон сарсону саргардонанд. Яъне ин ҳамон даъвои чанд нафар беасле буд, ки бо фарёду ҳамҳама ба хотири расидан ба ҳокимият ва ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ ҳазорон ҳазорро қурбон карданд. Имрӯз аз номи онҳо бо ин ҳизбе, ки аз бунёд олудаи ҷиноят аст, нафароне, ки аз хуни дигарҳо тиҷорат карда, сарват ҷамъ оварданд, имрӯз аз озодӣ, мубориза ва эътилоф ҳарф мезананд.

Додоҷони Атовулло сидқан ва холисан эътироф менамояд, ки  наҳзатиён ҳамон дуруғгую палидҳоеанд, ки солҳои 90-уми  қарни гузашта ҳазорон нафарро ваъдаҳои осмонӣ доданд, ба майдонҳо кашониданд ва ахиран онҳоро дар нимароҳ гузошта, қурбонӣ намуданд. Имрӯз даъвоҳои Кабирии тоҷир ки ҳама чизро ба вазни тиҷоратҳои хеш бармекашад, ҳамон фитаи куҳнаро аз нав ба бозӣ даровардан аст. Даъво пеш меоварад, ки ҷавонон ба ӯ пайванданд ва ба онҳо ваъдаи “биҳишти адн”-ро медиҳад, ки дар ҳоли ба даст овардани ҳокимият ба онҳо мансабу зиндагии осмониро ваъда медиҳад. Воқеан, дар ин самт пайравӣ аз “пирони тариқаташ Оятуллоҳ Хумайнӣ мекунад”, ки дар бомдоди инқилоби исломӣ ба мардуми Эрон ваъда карда буд, ки «мо ҳамаро барои шумо маҷонӣ” мекунем ва барояшон биҳишти заминӣ ваъда карда буд. Додоҷони Атовулло бисёр таъкиди бамаврид мекунад, ки ба ин мушҳову рубаҳҳо бовар накунед: “ба хиёнаткор як бор бовар кардан шояд камоли бузургворист. Аммо ду бор бовар кардан камоли аблаҳист. Бовар накунед агар сад бор тавба кунад, бовар накунед агар сад бор савганд ёд кунад, бовар накунед агар ҳазор бор баёния пахш кунад, бовар накунед, агар сад бор паймон бубандад, ҳама ҳарфашон дуруғ аст, ҳама ҳарфашон такрор аст… Онҳо кузаи холианд. Ҳар чи дигарон резанд ҳамон метаровад. Намози онҳо дуруғ аст. Мусалмонии онҳо дуруғ аст, одамияти онҳо дуруғ аст”. Воқеан дар ин чанд сатр чеҳраи аслии наҳзатиён ва махсусан роҳбари он Кабириро амиқ ва дақиқ тасвир менамояд. Собит мекунад, ки инҳо буданд, ки тамоми умр дигаронро фиреб доданд, хиёнат карданд ва ахиран паймони ваҳдат ва ризоияти миллиро низ ҳаминҳо шикастаанд. Инҳо ҳамон ҳеҷкораҳоеанд, ки аз худ шахсият метарошанд вале ҳеҷ ҳарфе барои гуфтан надоранд, ҳеҷ андешаи созандае дар сар надоранд, танҳо барои расидан ба ҳадафҳои шуму нопоки хеш мардумонро ба гумроҳӣ мекашонанд ва аз нодонии онҳо осиёби манфиатҳои хешро ба гардиш медароранд.

Дар поёни ин навиштаи кутоҳ Додоҷони Атовулло ҷавонмардона иқрор мешавад, ки воқеан насли солҳои 90 насли гунаҳгор буд. Новобаста аз он ки дар кадомин сангар қарор гирифт ё бетарафиро баргузид сабабгори марги 150 ҳазор нафар ва шикасти иқтисоди миллӣ ва тороҷ шудани он гардид. Ва талаби омурзиш карда аз Худованд дархост менамояд, ки дигар дар сарзамини мо хун нарезад ва ҳар нафаре боясти ана ҳаминро чун манфиати миллӣ қабул намояд ва онро аз манфиатҳои хурду резаи гуруҳӣ болотар ҳисобад. Ин гуиш ва ин навиштаи пурмуҳтаво, ки онро муаллиф барнома,  сиёсатнома ва насиҳатномаи худ барои аҳли ҷомеа медонад, воқеан аз тарафи касе баён мешавад, ки дар давоми 27 соли охир ҳамаро аз таҷрибаи шахсии хеш гузаронидааст, таақул кардааст ва ба ин натиҷа расидааст. Воқеан ин эътироф эътирофи ҷавонмардона ва ин навишта навиштаи хирадмандона аст.

 

 

                                                                               Эҳсони Илҳом