Вашингтон ва президенти ИМА – Доналд Трамп ниҳоди ҳарбии Сипоҳи посдорони инқилоби исломро – созмони террористӣ эълон карда онро хатари террористии байналхалқӣ номид.
ИМА эълон доштааст, ки СПИИ дар берун аз кишвар ба амалҳои террористӣ даст мезадаанд ва мақсади асосии он нигаҳдории режими нави ҳукмронӣ дар Эрон мебошад.Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ на танҳо дар ҳудуди Эрон, балки дар кишварҳои дигар низ фаъолият мебарад ва аз ҳама бештар амалиёти он дар Шарқи Наздик ба назар мерасад.Нақши дасти СПИИ дар сар задани ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон ҳам ба назар мерасад.
Мақсади фаъолияти ин ниҳод дар замони инқилоб ҳифзи давлати нав дар Эрон буд ва чун ин давлат таъсис гашт масъалаи таъсир ба кишварҳои дигар арзи ҳастӣ намуд. Ин гуна таъсиррасонӣ ва амалиёти ҷангиро афсарони ин ниҳод ба ҷо меоварданд ва дар Фаластину Сурия ва дигар кишварҳои Шарқи Наздик ҳукумати исломии Эрон тавассути он сиёсаташро амалӣ мекард. Дар Сарқонуни ҶИЭ доир ба ин ниҳод чунин омадааст: “Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки дар нахустин рӯзҳои пирӯзии ин инқилоб ташкил шуд, барои идомаи нақши худ дар нигаҳбонии инқилоби исломӣ ва дастовардҳои он побарҷо мемонад”.
Барои амалӣ гаштани сиёсати давлати Эрон масъулони ин ниҳод бо намояндагони хориҷӣ низ ҳамкорӣ мекунанд. Ҳам акнун ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк кард, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ созмони террористӣ будааст. Аз ин рӯ, эълон гаштани таҳрим ба ҳамкорӣ бо ин ниҳод як роҳи иғвогариро дар олам хотима бахшида метавонад.