ЭЪЛОН! Конфронси «ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ ҶОМЕА» баргузор мегардад

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон санаи 24 июни соли 2022 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро  таҳти унвони «ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ ҶОМЕА» бахшида ба 25-умин солгарди Имзои созишномаи сулҳи тоҷикон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ, баргузор менамояд.

Самтҳои конфронc:

  • Муқовимати сиёсӣ ва заминаҳои эҷоди андешаи ваҳдати миллӣ.
  • Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии

     Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – поягузори  сулҳи тоҷикон.

  • Амалӣ гардидани ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон.
  • Ваҳдати миллӣ ва пешрафти соҳаҳои  хоҷагии халқи ҷумҳурӣ.
  • Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ.
  • Таъсири ваҳдати миллӣ дар пешрафти маорифи халқ.

     Маводҳои конференсия

Конференсия бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ  гузаронида мешавад. Забони фишурда ва ё маърӯзаҳо ихтиёрист.

Барои шомил шудан ба ҳайати иштирокчиёни конференсия, инчунин саривақт нашр кардани фишурда ё маърӯзаҳо, бояд то санаи 10 июни соли 2022 маводҳои зеринро ирсол намоед:

а) матни фишурда ва пурраи маърӯза.

б) вараќаи иштирокчии конференсия.

Нишонии электронӣ барои ирсол кардани мақолаҳо:

 e-mail: ikromabdulloev@mail.ru

Ёдовар мешавем, ки маводҳои хешро олимон метавонанд на дертар аз муҳлати муқарраршуда,  яъне то 10 июни соли 2022 ба суроғаи: 735730, вилояти Суғд, шаҳри Бӯстон, кӯчаи Баротов А., 6  ирсол намоянд. 

e-mail: ikromabdulloev@mail.ru

тел.: +992 92 755 57 13

Кафедраи фанҳои гуманитарӣ иҷтимоӣ