Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди истеҳсоли маснуоти заргарии кишвар тасмим гирифтааст, ки реформаи соҳа ва дар бозорҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба фурўш баровардани маснуотҳои истеҳсолгардидаро ба роҳ монад.
Бо назардошти солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 аз шахсони ҳуқуқӣ, инфиродӣ, ҳунармандони касбӣ ва шаҳрвандони оддӣ эҳтиромона хоҳиш мегардад, ки пешниҳодҳои худро дар ин самт ба унвонии суроғаи электронии вазорат info@sanoat.tj ирсол намоянд.
Биёед бетараф набошем, чунки нуқтаи назари ҳар кадоми Шумо барои мо ниҳоят зарур аст.
Бахши котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои
нави Ҷумҳурии Тоҷикистон