ЭЪЛОН

Донишгоҳи давлатии  иктишофи геологии Русия ба номи Серго Орҷоникидзе кормандони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро барои нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаи илмии “Ахбори мактабҳои олӣ. Геология ва иктишоф” даъват менамояд.

Маҷалла дар пойгоҳи стандартҳои байналмилалӣ ва системаҳои истинодии GeoRef, CA (pt) ва рӯйхати Комиссияи олии аттестатсионӣ дохил карда шудааст (мутобиқи банди 5 оид ба қоидаҳои ташаккули рӯйхати нашрияҳои илмии баррасишуда (фармони вазорат) маориф ва илми Русия таҳти рақами 1586 аз 12 декабри соли 2016).

Маҷалла мақолаҳоеро, ки натиҷаҳои таҳқиқоти назариявӣ ва таҷрибавии дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ, корхонаҳои иктишофӣ гузаронидашударо, инчунин дар асоси ташаббуси шахсии муаллифон ба чоп медиҳад. Мақолаҳои таҳлилӣ ва илмӣ нашр карда мешаванд, ки дар онҳо вазъи кунунии масъалаҳои мубрами илми геология ва амалияи иктишофӣ нишон дода шудааст.

Маҷалла дар қолаби ранга нашр мешавад. Нашр дар маҷалла барои муаллифон РОЙГОН аст. Кумитаи тадорукот аз муаллифон барои таҳия, ҷойгиркунӣ ва чопи маводҳо музд намегирад.

Риояи қатъии талабот оид ба пешниҳоди мақолаҳои илмӣ талаб карда мешавад. Оид ба талаботҳои навиштани мақолаҳо дар сомонаи зерин оварда шудааст: https: //geology.mgri-rggru.ru

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДКМТ