(дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ҷиҳати қабули қатъномаи махсуси СММ перомуни “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”)
Феълан, зарурате пеш омадааст, ки аҳли башар дар бораи сулҳу осоиштагӣ ва оромиву пешрафт, ҳамдиливу ҳамзистии воҳид андеша намоянд ва барои раисдан ба ин неъмат талош намоянд. Воқеан набудани сулҳу оромӣ дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон моро водор месозад, ки дар ин бора фикр бикунем ва барои ҳалли он талош варзем. Ҷаҳон хонаи оламиён аст, яъне хонаи ҳамаи мо ва бояд дар ин хона ҳаргиз ҷангу низоъ набошад.
Мо, хуб медонем, ки гузаштагони мо борҳо дар ин маврид ёдрас шудаанд ва сулҳу оромиро бақои ҳастӣ номидаанд ва ҳамин аст, ки мо бештар кӯшиш ба харҷ медиҳем, то ҳамин неъмати бебаҳо сулҳу оромиро аз даст надиҳему ба қадраш расида бошем.
Вақтҳои охир дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон нобасомониҳо, низоъҳо ба чашм мехӯрад, ки ҳамаи ин натиҷаи беаҳмиятиву бетарафии аҳли сайёра ба ҳамдигар мебошад. Воқеан ҳам ҷанг поёни хушбахтӣ, зиндагии орому осуда ва ҳаёти рангину ширин аст. Сулҳ бошад баҳори нав дар зиндагӣ ва оғози саодату хушнудӣ ва зиндагии ширину гуворо мебошад. Миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша ҷонибдори сулҳу субот ва осоиштагиву ваҳдати комил буду ҳаст. Ва ҳамин аст, ки мо доимо тарафдори сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату дӯстӣ ҳастем. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ сухан ронда, дар масъалаи сулҳ махсус таъкид намуданд: “Мусаллам аст, ки имконияти таъмини сулҳи пойдору ҳаёти осоиштаи инсоният ва пешрафти кишварҳо пеш аз ҳама дар асоси созишу ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда фароҳам мегардад.
Моро зарур аст, ки ба мақсади дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна муттаҳид шавем.
Ҳоло фурсате фаро расидааст, ки барои тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра чораҳои муассир андешем.
Дар робита ба ин, пешниҳод менамоям, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милал “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад”.
Тавре дар боло гуфта шуд, воқеан ҳам ҷомеаи ҷаҳон имрӯз ба сулҳи комил ниёз дорад ва ин пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.
Дар шароити феълӣ ин пешниҳод бисёр ҳам зарурӣ ва муҳим буда, боиси ифтихори мо тоҷикон аст.
Аз ин пешниҳод ва талошҳои Сарвари хирадманди кишвар метавон чунин хулоса намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳоло ба сулҳ ва дӯстиву ҳамкории наздик сахт ниёз дорад ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳолатро дарк намуда, кӯшиш менамоянд, то баробариву адолат пойдор бошаду насли башар дар сулҳу амонӣ зиндагӣ намояд.
Мо, ҳамчун шаҳрванд аз ин пешниҳод сахт қаноатманду ифтихорманд буда, ҳамаҷониба хоҳони он ҳастем, ки роҳбарони давлатҳои аъзои СММ ва дигар ниҳодҳои дахлдор ин пешниҳодро мавриди амал қарор бидиҳанд. Зеро ҷаҳон ҳоло ба сулҳ ва ваҳдату ҳамгироӣ ниёз дорад ва бояд ба ин ҳама расидагӣ намуд.
Давлатзода Давлат
Раиси Иттифоқи касабаи донишкада