ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЧАРОҒИ МАЪРИФАТРО БАРАФРӮХТ!

Зиндагӣ баъзан инсонҳоро яъсу ноумедӣ мебахшад ва баъзан фараҳу шодӣ. Ҳамин гуна тамоюл дар зиндагии тоҷикон ҳам замоне эҳсос мешуд. Пас аз даврони пуркориву меҳнати иҷборӣ дар охири садаи 20 тоҷикон яку якбора ба истиқлол расиданд. Ин албатта болотарин ҳадди шодиву нишот ва фараҳи мардум буд. Аммо дере нагузашта, остони зиндагиро ҳамин яъсу ноумедӣ ва ранҷу кулфат фаро гирифт. Миллат ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ, ки бар сараш таҳмилӣ ва бегонарезӣ буд, фуру рафт. Ин ҷо ҳаводиси ҷанг ва психологияи мардумро ҳаргиз инъикос намекунам ва агарчӣ инъикос карданаш ҳам хеле вазнину душвор аст. Аксарият рӯ ба фирор оварданд, аксарияти дигар қурбони ҷанг шуданд, қисми дигаре ба зулмат хайма заданд ва ҳамин тавр умед ва нишотро мардум ҳатто дар тафаккураш ҷой дода наметавонист. Оқибатҳо ва фалокатҳои ҷанг ба ҳама маълум аст, вале аз ҳама зарари бузрги ҷанги таҳмили бар миллат зарбаи бузурги психологӣ буд, ки то дер боз оммаро дар ҳолати нимашодӣ ва ё нимахурсандӣ бо вуҷуд доштани тарс нигоҳ медошт. Лекин бо ин ҳама рӯйдодҳои нохуш, миллати тоҷикро як дастоварди бузург ва як лаҳзаи тиллоӣ пеш омад, ки ин ба даст гирифтани тақдири миллат аз тарафи фарзонафарзанди тоҷик, шахси шуҷоу далер ва тавонманду меҳанпараст Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пас аз ба курсии роҳбарӣ нишастани Эмомалӣ Раҳмон  ҳолати психологии мардум тағйир ёфт ва ҳамон холигӣ ва ё сардии фараҳ дубора ҷойгоҳи худро ёфт. Албатта, илман агар исбот бикунем, вуҷуди шахсияте бо нерӯву тавони дучанд ва ғайрату талоши қавӣ тавонист аллакай аз ҳолати яъс мардумро ба ҳолати психологии умедворкунанда гузаронад. Ва сониян дар амал татбиқ намудани ваъдаву суханҳояи Пешвои муаззами миллат халқи тоҷикро дубора дар дилаш шуъла дамонд.  Роҳбари муаззами кишвар тавонистанд, ки ба ҷанги дохилӣ хотима бахшанд ва дастархони сулҳ ороянд, тавонистанд, ки гурезагонро ба ватан баргардонанд ва тавонистанд, ки аз як кишвари харобу пасазҷангӣ Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафта ва орому осуда дар минтақа табдил доданд. Имрӯз бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки даврони рушди фардии мо дар қуллаи авҷ қарор дорад ва ин миллатро ба бузургтарин дастовардҳо ноил мегардонад. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош намуданд, то ҳамон лаҳзаи беҳтаринро ба тоҷикон бахшанд, ки воқеъан сазовори таҳсин аст. Акнун мо ҷавононро лозим меояд, ки пеш аз ҳар вақта кӯшишу талош намоем ва донишҳои замони муосирро аз худ намуда, исбот намоем, ки аз пайравони асили Пешвои муаззами миллат ҳастем.

Чуноне, ки дирӯз дар Дарси сулҳ таъкид намуданд, барои расидан ба ояндаи дурахшон ва фардои нек моро лозим меояд, ки ба ҳама гуна падидаҳои номатлуби замон “на” бигӯем ва миллатро аз вартаи ин балоҳои аср наҷот диҳем.  Бо итминони комил метавон гуфт, ки имрӯз тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст, то ҳар як шаҳрванди кишвар битавонад аз имкониятҳо истифода намуда, аз илмҳои замон баҳравар гардад. 

“нерӯи ақлу хирад, донишу маърифат ва иродаву садоқат роҳи шуморо дар идома додани корномаи бузургони гузаштаи миллати тоҷик равшан хоҳад кард”

 

Дар охир бояд ёдрас шуд, ки ин сухани ҳикматомӯзи Пешвои муаззами миллат бояд барномаи ҳаррӯзаи насли ҷавон гардад, то битавонад дар оянда ҳамчун шахси комил ва муваффақ  ба воя расад.

 

                                                    Муборакшоҳ Саидов

                                    донишҷӯи курси чоруми ДКМТ