ДУШАНБЕ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи ноябр дар худ вижагиҳои хос ва дар тақвими миллати тоҷик низ ёддоштҳои ҷолиб дорад. Дар ин моҳ миллати сарбаланди тоҷик санаҳои муҳимро вобаста ба давлатдории навини хеш таҷлил менамояд. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳз дар ҳамин моҳ доир шуд ва маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи миллати тоҷик муайян гардид. Ва маҳз дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ фарзанди ҷонфидои миллат, марди бонангу номус ва тоҷики асил Эмомалӣ Раҳмон идораи минбаъдаи ҷумҳуриро ба даст гирифта, ба мардуми ноумедгардида умед бахшиданд. Тоҷикистон дар он рӯзҳо дар ҳолати нобудӣ қарор дошт ва нафаре лозим буд, ки ҷонашро барои наҷоти он фидо созад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Эмомалӣ Раҳмон ин масъулиятро бар дӯш гирифта, ҳамчун намунаи волои тоҷики асил давлату миллати тоҷикро аз нестӣ наҷот доданд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои тараққикардаи дунё буда, бо зиёда аз 180 давлати олам робитаҳои дипломатӣ дорад, бо зиёда аз 160 давлатии олам робитаи тиҷоратӣ дорад ва узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошаду зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузорад. Ҳоло Тоҷикистон зери сарварии Пешвои миллат ба давлати ободу замонавӣ ва амнтарини дунё табдил гардидааст, ки ин барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ифтихори бузург мебошад. Мо ҳамчун шаҳрванд, сокини ин сарзамин хизматҳои бузурги Сарвари хирадмандамонро ҳаргиз фаромӯш намесозем ва ин ҳама лаҳзаҳои некро аз таърихи ҷумҳурӣ ҳамчун лаҳзаҳои беҳтарини ҳаёт маънидод месозем.
Воқеан ҳам хидматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сохту сози давлатдории навини тоҷикон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ басе бузург аст ва бахти миллати тоҷик аст, ки чунин фарзанди ҷонфидо ва ватандӯсту башардӯст дорад.
Дар бораи қаҳрамонӣ ва фаъолияти пурсамари Сарвари хирадмандамон, абармарди сиёсат, Қаҳрамони Тоҷикистон, сиёсатмадори шинохтаи ҷаҳон сиёсатмадорон ва рӯзноманигорону коршиносон, адибони номдори тоҷик борҳо суханҳои пандомӯз гуфтаанду дар воситаҳои ахбори омма низ ба нашр расидаанд.
Вобаста ба дилсӯзӣ ва талошҳову сулҳхоҳии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқ вазири дифои Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд боре чунин изҳори ақида намуда буд: «Ман имрӯз Роҳбари давлати Шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери борони тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо-афғонҳо дар ин солҳои ҷанг он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштем».
Дар ҳақиқат Афғонистон то ба ҳол авзои вахим ва ногуворе дорад, ки дар ин масъала низ Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки ба қазияи Афғонистон расидагӣ намоянд. Ҷомеаро сарварони сиёсӣ месозанду обод менамоянд ва онҳо миллатро низ сарҷамъ нигоҳ медоранд. Ба ҳамин хотир ҷумҳурии ҳамсояи мо то ҳоло як лидере надорад, ки мардумро сарҷамъ созаду ба ҷанги зиёда аз чиҳилсола хотима бахшад. Он чӣ Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик анҷом доданд, ин қаҳрамонӣ буд ва азхудгузарӣ буд, ки на ҳар кас қудрати аз худ гузаштан дорад. Пешвои миллати мо бо ин роҳ рафтанд ва ҷони хешро барои миллат бахшиданд, ки ин гуна ҷасоратро фақат Пешво дорад.
Ислом Каримов, собиқ Президенти Ҷумҳурии Узбекистон перомуни хидматҳои бузурги Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳори назар намуда буд: «Бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмонов дар саҳнаи сиёсӣ ҳамон раванди оштӣ, ки боиси таҳавуллоти кунунии зиндагӣ дар Тоҷикистон гардид, оғоз ёфт. Маҳз қобилияти ӯ дар ёфтани роҳҳои дуруст, пайдо намудани мувофиқа байни одамони дорои эътиқод ва назариёти комилан мухталиф, таҳаммулпазирӣ ва иродаи қавӣ ҷузъи асосии сулҳи имрӯза дар Тоҷикистон мебошад».
Воқеан ҳам, қобилияти баланди Эмомалӣ Раҳмон, ҷасорат ва садоқати он кас ба халқ Тоҷикистонро аз буҳрони бузург вораҳонид ва миллатро сарҷамъ намуд, ки ин қаҳрамониро миллати тоҷик ҳаргиз фаромӯш намесозад.
Бояд таъкид намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат асту дар сатҳи хеле баланд таҷлил намудани он шукргузорӣ аз соҳибихтиёриву озодӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад. Он чӣ таҷрибаи таърих ба мо мегӯяд ва он чӣ аз фарёди бефарёдраси гузаштагонамон тайи ҳазор сол ба гӯш мерасад ва қалбҳоро такон медиҳад, ин ҷомаи амал напӯшидани орзуи давлатдорӣ буд, ки хушбахтона, Пешвои муаззами миллат тавонистанд, ки ин орзу ва хостаҳои миллатро бароварда созанд ва давлати навини тоҷикро аз варта наҷот диҳанд ва ба миллат саодат ва хушҳолӣ бахшанд.
Масири миллат имрӯз муайян гардидааст ва мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар саргаҳи равандҳои давлатсозӣ абармарде ҷилвагар аст, ки ҳамагонро муттаҳид сохт ва хишти давлати навини тоҷиконро гузошт, ки ин барои мо марҳилаи сарнавиштсоз ва таърихӣ аст. Ин нуктаро ҳам бояд таъкид намуд, ки бори аввал барои миллати тоҷик Президенти мамлакат аз хештаншиносӣ ва аҳдофу ниятҳо ва ваҳдати миллат гуфтанд ва дар китобҳои хеш низ роҷеъ ба ин масъала таълифоте овардаанд, ки ба шинохти тоҷик ва рушди тоҷикият мусоидат менамояд.
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва дифоъ аз тоҷикияту ҳуқуқи башар аз минбарҳои баланд садо медиҳанд, ки боз ҳам аз гуманизми баланди Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд. Бо боварии комил имрӯз метавон гуфт, ки вақте номи Тоҷикистонро мегирӣ, ҳатман ҷаҳониён номи Пешвои миллатро ба забон меоранд ва чеҳраи он кас пеши назарҳо ҷилвагар мегардад, ки ин аз сиёсатмадори қавии ҷаҳонӣ будани он кас шаҳодат медиҳад. Ҷаҳониён кунун мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро эътироф намуда, онро дар адабиёти дарсии хеш ҷой додаанд, ки ин эътирофи эътироф аст. Ва ҳамчунин аз ҷониби Кумитаи академикии Шурои Аврупо Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори Ҷоизаи «Пешвои асри 21» гардиданд, ки ин ҳам идомаи ҳамон эътироф аст.
Ногуфта намонад, ки дар натиҷаи пеш бурдани сиёсати хирадмандонаи Сарвари ғамхорамон ва чораҷӯиҳои ҳукумати мамлакат дар кулли соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи муътадили сиёсӣ ба даст омада, Тоҷикистон шуруъ аз солҳои 2000 макони баргузории конфронсу саммитҳои байналмиллалӣ ва суҳбату мулоқотҳои сарони давлатҳои абарқудрат, аъзои созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ гардид, ки ин аз сохтори муътадил ва иқтидори баланди давлатамон шаҳодат медиҳад.
Интихоби Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик ҳамчун роҳбар беҳтарин интихоб буд, ки имрӯз миллат ба тамоми орзуву омолаш расид ва муҳим аз ҳама, сулҳу ваҳдат ба даст омад ва Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрати баланд касб намуд. Дар ин замина олими тоҷик Кароматулло Олимов, узви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гуфтааст, ки «вақте вакилони Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Раиси Шурои Олӣ ҷонибдорӣ намуданд, кори таърихиеро оғоз бахшиданд. Мо соҳиби Пешвои миллӣ шудем. Имрӯз мо бояд Пешвои умумимиллиамонро ҳифз ва қадр намоем, зеро онҳое, ки Пешвои миллаташонро ҳифз ва қадр намекунанд, давлатдории миллӣ ва сулҳу суботро танҳо орзу менамоянд».
Гуфтан зарур аст, ки давоми 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳаёти фарҳангиву моддӣ тағйир ёфта, миллат ба фараҳу шодӣ расид, тамоми соҳаҳо рушд намуданд ва инқилоби маданӣ дар мамлакатамон ба амал омад, ки ин ҳама аз баракати мактаби давлатдории навини Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
доктори илмҳои иқтисодӣ,
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»