Агар бигӯем, ки дар авохир садаи 20-ум бахт бар рӯйи миллати тоҷик бихандид, хато нахоҳад буд. Зеро маҳз баъд аз ба даст овардани истиқлолият миллати тоҷик тавонист дар ҷаҳон аз худ дарак диҳад ва бигӯяд, ки миллате бо номи тоҷик ва кишваре бо номи Тоҷикистон дар сайёра вуҷуд дорад. Аммо ин ҳам ба осонӣ даст надодааст ва ин ҳама хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҷаҳониён тоҷику тоҷикитониро шинохтанд ва эътироф намуданд.
Он солҳое, ки вазнинтарин рӯзи тоҷик ба умеди наҷотбахшу ёрирасон мегузашт, акнун дигар нест ва маҳз дар ҳамон солҳо, ки душманони миллати тоҷик мехостанд, миллати тоҷикро ба таври комил бо далваташ аз рӯйи замин нест намоянд, Сарвари хирадманду шуҷоъ ва меҳандӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон по ба арсаи сиёсат гузоштанд ва аввалин амале, ки анҷом доданд ин хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва баргардонидани гурезаҳо буд, ки хуҳбахтона ин ваъдаи худро Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро карданду миллатро аз нобудӣ, давлатро аз нестӣ вораҳониданд, ки ин бисёр ҳам хизмати бузург мебошад.
Пешвои муаззами миллат воқеан ҳам ҷомеаро ба рӯзи нек ва саодат расониданд, ки рисолати бузург мебошад ва имрӯз бо баракати ин марди шариф ва сиёсатмадори нотакрор тоҷик сар баланд мекунаду дар Ватани худ озодона зиндагӣ менамояд, ки ин ҳам бояд ҳаргиз фаромӯш нашавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки тоҷиконро ба зиндагии шоиста ва истиқлолияти комил бирасонанд ва пеш аз ҳама дили халқро шод гардониданд, ки ин шодиву сурури миллат ҳазорсолаҳо набуд ва фақат бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ормони деринтизори тоҷикон ба амал татбил ёфт ва баҳори тозаи зиндагӣ шурӯъ шуд. Бахт дубора бар тоҷик баргаршт.
Давлатов Давлат
омӯзгори ДКМТ