ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

Тавре иттилоъ додем, имрӯзҳо тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар коргоҳу муассисаҳои шаҳр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи чархи аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун мулоқоту суҳбатҳои аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ таҳқиқотии маҳаллӣ баргузор гардида истодааст. Аз ҷумла чунин як мулоқот имрӯз дар муассисаи давлатии қитъаи обу канализатсияи шаҳр бо иштироки Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Гавҳар Мухторова ва устоди Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон Анвар Саидов баргузор гардид. Аъзоёни гурӯҳи тарғиботии шаҳр оид ба саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ибрози андеша намуданд.

Ин тараққиёти соҳаи кишоварзӣ дар ин диёр маҳдуд ҳисоб меёфт. Дар кишвар дарёҳои хурду калон зиёданд ва аз бобати захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон яке аз ғанитарин давлатҳои олам ҳисоб меёбад.

Дар ин ҷо баъзе тавзеҳот зарурат аст. Албатта, бисёриҳо ёд доранд, ки маҳз дар солҳои 70-ум маъракаи хирмани ҳарчи бузургтари пахта оғоз ёфт ва роҳбарони мақоми аввали ҶШС Ӯзбакистон ба ҳизб ва ба тамоми халқи шӯравӣ савганд ёд карданд, ки истеҳсоли пахтаро дар мамлакат ду карат афзун хоҳанд намуд. Вале ба ин ташаббуси мутантан сабабҳои комилан воқеӣ халал мерасонданд – об кифоят намекард.

Шабакаи обёрии камсамар, сарфакорона истифода карда натавонистани об, иқтисодиёти махсуси мутобиқи нақша амал дошта дар якҷоягӣ имкон намедоданд, ки ҳаҷми оби мавҷударо то қатраи охирин истифода намоянд. Миқдори зиёди об бефоида дар мағзи рег нопадид мешуд. Барои ҳамин, агар ба таври оддӣ гӯем, чалаки бузурги лабрези об зарурат дошт ва мувофиқи мақсад шуд, ки он дар замини санглох, дар бағали амиқи кӯҳҳои сарбаланд ҷойгир мебуд. Қарор доданд, ки онро дар минтақаи болотари неругоҳи аллакай фаъолиятдошта, яъне Норак бисозанд. Ниҳоят муҳим будани ин лоиҳаро ба инобат гирифта, онро якчанд сол ҳаматарафа ва ҷиддан таҳлилу тадқиқ карданд, то ки мувофиқи талаботи замони шӯравӣ боэътимод гардад.

Албатта, дар ин ҷо мухолифати манфиатҳо ҳам вуҷуд дошт. Роҳбарияти ҶШС Тоҷикистон ба сохтмони Роғун чандон шавқманд набуд, вале бо шарофати ин сохтмон ба манфиатҳои муайяне соҳиб шудан ҳам мумкин буд, ки ин ворид шудани маблағҳои иловагӣ аз Марказ, тараққиёти инфраструктураи минтақа ба ҳисоб мерафтанд. Аммо дар ҳалли масъала ҳуқуқи “ғижжак”-и аввал маҳз дар ихтиёри Тошканд буд, зеро роҳбари ӯзбакон мартабаи ҳизбию сиёсии болотаре дошт, (котиби якуми КМ ҲК Ӯзбакистон Шараф Рашидов номзад ба узвияти Бюрои Сиёсии КМ ҲКИШ буд), ки ин дар солҳои рукуд нақшаи муҳим мебозид.

Боз инро низ зикр намудан зарур аст, ки дар замони шӯравӣ ба амал омадани гуногунфикрии ҷиддие номумкин буд, кули масоилро Москва ҳал менамуд.

Ӯзбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон барои заминкушоиҳои нав, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо мақсади сохтмони неругоҳу обанборҳо аз буҷаи Иттифоқ маблағҳои калон гирифтанд. Қирғизистон ва Тоҷикистон дар обанборҳо бояд обҳоро захира намуда, ҳангоми нашъунамои ниҳолҳои пахта ба саҳроҳои колхозҳо ва совхозҳои навбунёд равон менамуданд. Дар баробари ин неруи барқи тавлидшуда ба дастгоҳҳои насосҳои обёрӣ, эҳтиёҷоти саноат ва аҳолии тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна фиристода мешуданд. Пайвандию вобастагии амиқи иқтисодиёт имкон медод, ки неруи барқи зиёдатии дар Тоҷикистон ва Қирғизистон тавлидгаштаро тобистон ба кишварҳои поёноби Амударё ва Сирдарё интиқол дода, дар фасли зимистон онро бозпас ҷуброн намоянд. Дар давраи шӯравӣ сиёсати нағз андешидаи обёрию энергетикӣ шароит фароҳам меовард, ки манфиатҳои аз истифодаи захираҳои обёрию энергетики дарёҳои асосии минтақа ба даст омада ба таври нисбатан оқилона, одилона ва баробар тақсим бишаванд. Харҷу сарфи иловагии ҷумҳуриҳои болооб доир ба ҷамъоварии об дар обанборҳо, идоракунии маҷроҳо, корҳои соҳилбандӣ ва ниҳолшинонию нигоҳдории ҷангалҳо дар гирду атрофи обанборҳои дарёҳо аз ҳисоби иштироки шарикии ҷумҳуриҳои поёноб тавассути буҷаи иттифоқ ҷуброн карда мешуд. Аз ин усули муомила ҳама қонеъ мегардид: Русия, Осиёи Миёна ва Қазоқистон.

Дар шӯрои илмию техникии Вазорати хоҷагии оби ИҶШС бо мувофиқаи ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон нақшаи истифодаи дастҷамъонаи дарёҳои Сир ва Ому тасдиқ шуда буд ва сипас ташреҳҳои ин нақшаҳо низ пешниҳод гардиданд. Дар онҳо миқдори ҷудо кардани об, инчунин мавқеи неругоҳ мушахассан дар кадом дарё ҷой гирифтани он, ҳаҷми обанбор, баландии сарбанд ва иқтидори неругоҳ дақиқ собит шуда буд. Ҳамин тавр, шӯрои техникии Вазорати хоҷагии оби ИҶШС бо қарорҳои худ тибқи №413 аз 07.02.соли 1984 ва №566 аз 10.09. соли 1987, ҳамчунин Госплани ИҶШС тибқи қарори №563 соли 1987 бо иштироки намояндагони ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ “Тавзеҳоти нақшаи истифода ва ҳифзи дастҷамъонаи захираҳои обҳои ҳавзаи дарёи Сир ва “Тавзеҳоти нақшаи истифода ва ҳифзи дастҷамъонаи захираҳои обҳои ҳавзаи дарёи Ому”-ро тасдиқ намуданд. Ба ин қарорҳо квота барои об муайян карда шуд, ки ба давлатҳои ҳозираи поёноб манфиатбахшанд ва неругоҳи Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбарота дар Қирғизистон вобаста гардида буданд.

Баъд аз пошхӯрии ИҶШС ин асосҳои ҳуқуқӣ бо Муоҳадаи байни Осиёи Марказӣ “Дар бораи ҳамкорӣ оид ба соҳаи идоракунии якҷояи истифода ва ҳифзи захираҳои обҳои сарчашмаҳои байнидавлатӣ” 18 феврали соли 1992 дар шаҳри Алмаато ба имзо расида, тасдиқ шуда буд. Яке аз сабабҳои асосии ба ин муоҳада ҳамроҳ гардидани Тоҷикистон нигоҳ доштани ҳуқуқ ба анҷоми сохтмони иншооти зикргардидаи ирригатсионию гидроэнергетикӣ мебошад. Боби 2-и ин муоҳада ҳуқуқи Тоҷикистонро дар бораи давом додан ва ба анҷом расонидани неругоҳи Роғун ва обанбори он бидуни мувофиқати иловагӣ нигоҳ медорад.

Оғоз

Сохтмони силсилаи неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш ба нақша гирифта шуда буд. Дар ин навбат нахустинаш неругоҳи Норак дар руди Вахш ҳисоб меёфт, ки ин дарё шохоби руди Ому мебошад. Корро ба таъхир наандохта ба асосноккунии техникию иқтисодӣ ва харҷу дахли лоиҳа шурӯъ намуданд.

Соли 1972 ҳаҷми пурраи асосноккунии техникию иқтисодии неругоҳи Роғун ба анҷом расид. Асосноккунии техникию иқтисодиро Вазорати барқи ИҶШС баррасӣ ва муҳокима карда, аз тарафи Комиссияи иқтисодии давлатии Госплани ИҶШС бо иштироки намояндагони ваколатдори тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ намуд (Қарори КИД-и Госплани ИҶШС, №6 аз 27.02. соли 1974). Экспертизаи Асосноккунии техникию иқтисодӣ, хулосаҳоро дар бораи боэътимодии техникӣ ва самаранокии баландии неругоҳи Роғун комилан собит кард (Се навъи дарғоти неругоҳи Роғун баррасӣ гардид), арзу тӯли асосии неругоҳ ва обанбор пазируфта шуд.

Мураттабсозии лоиҳаи техникӣ соли 1974 шурӯъ гардида, моҳи ноябри соли 1978 ба анҷом расонида шуд. Моҳҳои ноябр-декабри соли 1978 лоиҳа аз тарафи экспертизаи пажӯҳишгоҳи Гидропроект таҳти муҳокима қарор гирифт(протоколи шӯрои техникӣ №72 аз 26.12. соли 1978), моҳи июни соли 1979 муҳокимаи он дар Шӯрои Илмию Техникии Вазорати барқи ИҶШС ба анҷом расид (протоколи №70 аз 27.06. соли 1979). Моҳи октябри соли 1980 лоиҳа аз тарафи Экспертизаи асосии давлатии Гостройи (Сохтмони давлатӣ) ИҶШС ва ГКНТ ИҶШС (Қарор мутобиқи мактуби Гострой ИҶШС аз 16.10.соли 1980 №380) ва моҳи ноябри соли 1980 бо фармони Шӯрои Вазирон тасдиқ карда шудааст (дастури №2411-р аз 27.11. соли 1980) дар арзу тӯли қабулгардида.

Лоиҳа бо тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мувофиқа шуда, аз тарафи онҳо ҳамчун лоиҳаи минтақавӣ доир ба таъминкунандаи талаботи рӯзафзуни барқи покиза ва захираҳои об маъқул дониста шуд.

Соли 1990 лоиҳа аз тадқиқи махсуси мустақими назди Комиссияи давлатии экспертизаи Госплани ИҶШС гузашт ва боэътимодии иншооти сохташавандаи неругоҳ мутобиқи маводи тасдиқшудаи лоиҳа ва ба ҳисоб гирифтани ҳамаи амалиёту санҷишҳо қабул гардид.

Зарурияти гузаронида шудани ин санҷиш бо Қарори КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони ИҶШС №1110 аз 19.09. соли 1988 “Дар бораи чораҳои комилан беҳтар кардани вазъияти экологӣ ва санитарӣ дар минтақаи баҳри Арал” вобаста буд, ки дар ин вақт акнун муаммои Аралро ба назар нагирифтан имкон надошт.

Дар асоси мушоҳидаҳои зоҳирӣ, натоиҷи тадқиқ ва таҳқиқи иловагӣ, инчунин таҷрибаҳои истеҳсолӣ ва ахборе, ки дар ҷараёни сохтмони неругоҳ ҷамъ шудаанд, маводи фаровони дақиқ ба даст омаданд, ки ба шарофати ин кулли маълумоти муҳимтарини лоиҳаро хостан дар боби муҳандисию геологӣ ва асоснокии зилзилашиносӣ тасбит месозанд.

Қарор дар бораи гузаронидани санҷиш бо номаи Госплани ИҶШС №5799 аз 10.02. соли 1990 қабул шуда буд.

Санҷиши гузаронида асоснокӣ ва бунёдии нишондодҳои лоиҳаи техникиро тасдиқ намуд (қарори зеркомиссия ва гурӯҳи коршиносони Комиссияи экспертии давлатии Госплани ИҶШС аз 05.07. соли 1990).

Дар қарори экспертиза хосатан оид ба эътимоднокии иншооти неругоҳи Роғун сабт шуда буд, ки нисбати сохтмони ба нақша гирифтаи неругоҳи барқи обӣ ва дар боби интихоби дарғоти он ихтилофоти муҳандисӣ вуҷуд надорад.

Дигар тасдиқи дурустӣ ва боэътимодии лоиҳаи интихобшуда дар он собит мегардад, ки неругоҳи Норак ва ярчи Усой дар кӯли Сарез ба ҳамин шабоҳат доранд. Сарбанди Норак аз ҳамин навъ буда, 36 сол боз дар ҷараёни истифодааш ягон сабаби беэътимодии он ба назар нарасидааст.

Барои таъмини эътимоднокӣ ва устувории олӣ бо ҳисобгирии самаранокии иқтисодии ин иншооти нодир ҳамчун сохтмони мӯҳташами гидроэнергетикии дар минтақа ба сони иншооти мӯҳташами обёрию энергетикӣ фаъолият намуда, бо қарори лоиҳавӣ сарбанди иборат аз хоку санг ба садди неругоҳи Норак шабоҳат дошта ва бо баландии 335 м бунёд гардад. Барои қабул намудани қарори мазкур силсилаи бузурги тадқиқоти назариявӣ ва амалӣ муҳосибавӣ, озмоишгоҳӣ, корҳои муоинавӣ ва мушоҳидаҳо гузаронида шуданд.

Дар ин зимн ошкоро баён ёфта буд, ки хусусияти хоса ва муайянкунандаи самаранокии иқтисодии неругоҳ ба иртифоъи садди он вобаста аст. Ин навъ ва шакли сарбанд дар асоси нусхаҳои гуногун интихоб гардида буд, то ки ба дараҷаи кофии ҳаҷми об ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ карда шуда, ба эҳтиёҷоти обёрї ҷамоҳири поёноби Амударё равона гардад ва ҳам истеҳсоли неруи барқ ба ҷо оварда шавад. Сохтмони сарбанди 335 метра имкон фароҳам меорад:

а) захира намудани 13 млрд мукааб ҳаҷми умумӣ ва аз он ҷумла 8,6 млрд мукааб ҳаҷми муфиди об ва ба ҳамин васила якҷоя бо обанборҳои Нораку Туямуюн маҷрои амударёро ба тӯли солиёни дароз ба танзим меорад;

б) ба таври илова 320 ҳазор гектар заминҳои навро обёрӣ карда, бо об таъмин гардидани 1млн гектар заминҳои Ӯзбакистон ва Туркманистонро беҳтар менамояд;

в) об дар обанбори Роғун соф гардида, бо ҳамин фаъолияти обанбори Норакро боз ба муддати 100 сол дароз мекунад;

г) истеҳсоли коркарди миёнаи солонаро ба дараҷаи 13,3 млрд киловатт/соат таъмин менамояд, ки он норасоии шадиди ба неруи барқ доштаи минтақаро бартараф месозад. Дар баробари ин ба ҳалли муаммои қудрати неругоҳҳои фаъоли мамолики Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.

Умуман, самаранокии баланди неругоҳи Роғун аз ҳисоби даромади якҷояи неруи барқ ва додани об ба обёрии зироат таъмин мегардад. Агар дар сохтмон сарбанди баландиаш аз 335 метр пасттар бошад, масалан, 1 фоиз пасттар сохта шавад, самаранокии неругоҳ 1,5-2,0 фоиз камтар хоҳад шуд ва баландии сарбанд ҳар қадар пасттар гардад, самаранокии неругоҳ низ ҳамон қадар камтар мешавад.

Қайд кардан зарур аст, ки бунёди сарбанд дар ин дарғоти интихобшуда агар пасттар сохта шавад, дар оянда танзиму таъмини бисёрсолаи маҷрои дарёҳои Вахш ва Ому номумкин мешавад. Ба иртиботи иқлим, ки солҳои камобӣ зуд-зуд такрор шудан дорад, дар ин нуқтаи нодиртарин, ки дарғот эъмор мегардад, дар сурати пастар шудани сарбанд ба кишварҳои ҳавзаи Амударё зиёни калон хоҳад расид.

Ин нақшаҳо бо мақсади ҳаллу фасли комил ва муфиди истифодаи захираҳои оби минтақа ва асоснокии шабакаи чорабиниҳои хоҷагии об доир ба обтаъминкунии соҳаҳои рӯ ба инкишоф ниҳодаи хоҷагии халқ мебошанд.

Дар хулосаҳо қайд гардидааст, ки чорабиниҳои асосӣ роҷеъ ба обтаъминкунӣ дар минтақаи Амударё ба таври зайл ҳастанд:

— амалӣ намудани таҷдиди шабакаҳои обрасонӣ;

— сохтмони обанбори Роғун;

Яъне ҳамон вақт аллакай маълум буд, ки дар ҷои аввал ба ҳар ҳол муаммои самаранокии пасти шабакаҳои обрасонӣ меистад.

Ҳамчунин хусусиятҳои самаранокии баланд ва аҳмияти неругоҳ дар ҳалли муаммоҳои энергетикӣ, хоҷагии об ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақаи Осиёи Миёна ва хосатан дар навбати аввал Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд. Эътимоднокии баланди иншооти асосии неругоҳ, ки дар лоиҳа асоснок гардидааст, ҳамчунин собит гаштааст.

Маҷмӯи иншооти гидротехникӣ чун собиқа таъиноти куллияи худро нигоҳ дошта, ҳам дар шакли сирф энергетикӣ бидуни халалрасонӣ дар кори имрӯзаи вазъияти хоҷагии оби ҳавзаи дарёи Ому ва минтақаи баҳри Арал, ҳам дар шакли афзалиятноки обёрӣ кор карда метавонад.

Обанбори неругоҳи Роғун бо обанбори Норак дар рудхонаи Вахш якҷоя бо обанбори Туямуюн дар Амударё ба ҳаҷми умумии қобили истифодаи 18-19 км мукааб қудрат дорад, ки маҷрои Амударёро ба тӯли солиён бо обдиҳии бокафолат дар ҳаҷми 5,0-5,9 км мукааб дар заминҳои ҳавзаи Амударё, ки дар ҳудудҳои Ӯзбакистон ва Туркманистон ҳастанд, таъмин намоянд.

Мавқеи Тоҷикистон

Барои Тоҷикистон ин лоиҳаи ҳаётан муҳим буда, ба он масъалаи аввалиндараҷаи пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ вобаста аст. Ин кишвар маъдани ангишту газ надорад, ки манбаи энергия созад ва ҳамчунин манбаи дигари энергияро соҳиб нест, ки аз истеҳсолоти гидроэнергетикӣ афзалтар бошаду аз он гармӣ ба даст орад, саноатро тараққӣ диҳад, сатҳи камбизоатиро коҳиш созад ва роҳи инкишофи устуворро пеш гирад. Бинобар ин неругоҳи Роғун иншоотест, ки он дар фасли зимистон норасоии ба барқ доштаи Тоҷикистонро мусовӣ месозад ва саломатии шаҳрвандони худро ҳифз намуда, сатҳи камбизоатии аҳолиро хеле паст мефарорад. Аллакай 10 сол боз ҷумҳурӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аз камбудии барқ азият мекашад ва ба иртиботи ин ҳар сол аз ибтидои моҳи октябр то охири моҳи апрел барқрасонӣ дар мамлакат бо усули лимит анҷом дода мешавад. Дар кишвар 99,9 фоизи барқ дар неругоҳҳо тавлид мегардад ва истеҳсоли ҳарсола тақрибан 18 млрд квт/соатро ташкил менамояд. Қисмати асосии ин нишондод дар фасли тобистон истеҳсол мегардад, зеро обанборҳои неругоҳҳо аз ҳисоби обшавии пиряхҳо пур мешаванд ва маҳз ҳамин вақт имконияти бештар истеҳсол намудани ин маҳсулот фароҳам мерасад. Гузашта аз ин, тамоми обанборҳои ҳоло мавҷуда мавсимӣ мебошанд, яъне ғунҷоиши онҳо маҳдуд буда, обҳои бисёрро барои тавлидоти минбаъдаи барқ нигоҳ дошта наметавонанд.

Мутобиқи ҳисоби мутахассисони ширкати “Барқи тоҷик” камбудии ҳарсола 3 млрд квт/соатро ташкил менамояд ва ин нишондод ҳар сол 5 фоиз афзун мегардад, яъне ҳар моҳ тақрибан 3,5 млн квт/соат зиёд хоҳад шуд. Барқофарони тоҷик тасдиқ менамоянд, ки агар ҳамин вазъият идома биёбад, пас ин муаммо баъди ба кор шурӯъ кардани иқтидорҳои нав ҳам, ки ҳоло амалӣ мешаванд, ҳаллу фасли худро намеёбад.

Имрӯз ҳукумати ҷумҳурӣ аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳоро даъват менамояд ва тавсия медиҳад, ки асбобҳои барқӣ ва гармидиҳиро дар давраи тирамоҳу зимистон ба мақсади сарфаи барқ то ҳадди имкон камтар истифода баранд. Таҳлилгарон собит менамоянд, ки даъватҳои давлат ин чораи ноилоҷист, ба он ваҷҳ, ки соли ҷорӣ дар мамлакат камобӣ эҳсос мешавад, ки дар фарҷоми ин зарур хоҳад шуд, то фаъолияти неругоҳҳо маҳдуд гарданд ва неруи барқ ҳам камтар истеҳсол шавад.

Роҳбарияти Тоҷикистон дар сатҳи аз ҳама баланд чораҷӯӣ карда, кӯшиш дорад, ки таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба муаммоҳои худ ҷалб намояд.

Ба ҳамин минвол Президенти Тоҷикистон зимни мулоқоти худ бо Муншии умумии СММ Пан Ги Мун изҳори умед намуд, ки дастгоҳҳои марбутаи СММ ба ҳаллу фасли муаммоҳои зикргардида ёрии ҷиддӣ мерасонанд.

“Тамоми шабакаи обёрӣ дар Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла, обанборҳои мутаадади дар мамолики минтақа мавҷудбуда, инчунин вазъияти экологӣ бояд аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ҷиддан муоина ва баррасӣ карда шавад”, расман изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон ба СММ муроҷиат намуда.

Ҷаноби Олӣ бори дигар мавқеи Тоҷикистонро доир ба ҳамкорӣ кардан бо созмонҳои байналмилалӣ дар хусуси лоиҳаҳои гидро-энергетикӣ тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки ба қарибӣ ҷумҳурӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба ҳамдигарфаҳмӣ муоҳада ба имзо расонид, ки мувофиқи он лоиҳаи неругоҳи Роғун аз муоинаи техникию иқтисодӣ ва экологӣ гузаронида шуд. Дар суханронии худ аз сатҳи олӣ ӯ чунин далелу рақамҳоеро овард, ки ба тӯли ним асри охир дар Осиёи Марказӣ беш аз 6 млн. гектар замин обёрӣ гардидааст, ки фақат 10 фоизи он ба Тоҷикистон дахл дорад ва дар ҳудудудҳои он то 60 фоизи ҳаҷми маҷрои кулли рудҳои минтақа ташкил мёбад ва Тоҷикистон ҳамагӣ 5-7 фоизи ин захираҳои обро истифода мебарад. Боз як далели хушкшавии баҳри Аралро, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инкишофи демографӣ дар кишварҳои минтақа вобаста донист, ки аҳолии ин ҷо дар ҳамин давра аз 20 миллион ба 63 миллион расида аст, ки ба ҳамин ваҷҳ талабот ба об чандин маротиба афзудааст.

“Истифодаи об ба як нафар дар баъзе мамолики минтақа нисбат ба нишондоди миёнаи ҷаҳон се маротиба зиёд аст ва дар айни замон 30-60 фоизи об дар корҳои кишоварзӣ нобуд мегардад”, — гуфт Президенти Тоҷикистон.

Дар навбати худ Муншии умумии СММ қайд намуд, ки захираҳои табиии Осиёи Миёнаро фақат дар шароити “шаффофияти умумӣ” истифода бурдан зарур аст. “Муҳим нест, ки он нафт аст ва ё гази табии ё об бошад – ин захираҳоро бояд дар шароити одилона истифода бурда, манфиатҳои ҳамаи мамлакатҳои ҳамсояро ба ҳисоб гирифтан зарур аст. Дар ин масъулияти якҷояи ҳамаи роҳбарони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳон ифода меёбад, — изҳор намуд Пан Ги Мун. Ӯ зарурияти “дар гирди мизи музокирот нишастан ва ҳал намудани ин масъалаҳоро” қайд кард.

Барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки барои сохтмони иқтидорҳои энергетикӣ барномаҳои гуногунеро анҷом диҳад. Ин барномаҳо сохтмони неругоҳҳои хурд, миёна ва бузург дар рудҳои мамлакат, неругоҳҳои олавӣ, инчунин истифодаи нерӯи офтоб мебошанд.

Мутобиқи нақшаҳои Ҳукумати љумњурї то соли 2020 дар мамлакат бояд 71 адад неругоҳи хурд сохта шавад. Алъон зиёда аз даҳ адад чунин неругоҳҳо бо кӯмаки Бонки инкишофи исломӣ ва аз ҳисоби ширкати “Барқи тоҷик” бунёд гардидаанд. Ғайр аз ин неругоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 бо маблағгузории Русия ва Эрон сохта шудаанд. Қудрати лоиҳавии ин неругоҳҳои барқи обӣ 2,7 млрд квт/ч (Сангтӯда-1) ва 930 млн квт/ч (Сангтӯда-2) дар як сол мебошад. Коршиносони тоҷик тасбит менамоянд, ки гарчи фаъол гардидани ин неругоҳҳо эҳтиёҷи энергетики мамлакатро қисман таъмин созанд ҳам, онҳо талаботи рӯзафзуни ҷумҳуриро пурра қонеъ гардонида наметавонанд. Таҳлилгарон бар он ақидаанд, ки ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳи Роғун ба ҷумҳурӣ ҳаётан муҳим аст, бидуни он сохтмонҳои дар боло зикргардида фақат чораю тадбири нимаю нимкораанд.

Соли 2004 ширкати “РусАл”-и Русия хоҳиши худро дар бораи ба охир расонидани сохтмони навбати аввали неругоҳи Роғун изҳор намуд ва ваъда дод, ки дар иҷрои ин ҳадаф 650 миллион доллар сарф хоҳад кард. Моҳи октябри ҳамон сол дар байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати РусАл дар хусуси давом додани корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур шартнома ба имзо расид. Аммо баъди 2,5 сол хукумати Тоҷикистон шартномаи номбурдаро яктарафа лағв намуд, зеро дар ҳамин давра ширкати Русия ягон боби шартномаи имзокардаро ба иҷро нарасонд. Мутахассисини Вазорати барқ ва саноати мамлакат тасдиқ менамоянд, ки яке аз сабабҳои лағв гардидани санад пайдо шудани ихтилофи назари тарафайн доир ба баландӣ ва навъи сарбанди неругоҳ мебошад. РусАл сарбанди бетонии баландиаш 280-метраро пешнињод кард. Ҳукумати Тоҷикистон бошад, исрор дошт, ки лоиҳаи аввалаи дар замони шӯравӣ тартибёфта амалӣ гардад.

Ва ин маънии оқилона дорад. Чи тавре ки маълум аст, ҳоло истеҳсолкунандаи асосии барќ дар Тоҷикистон неругоҳи барқи обии Норак мебошад, ки он 40 сол боз фаъолият намуда, 70 фоизи барқи кишварро тавлид мекунад. Ба иртиботи истифодаи тӯлонӣ вақтҳои охир муаммои гилпур шудани обанбори Норак беш аз пеш шиддатнок гардидааст.

Мувофиқи суханони сардори хадамоти диспетчери Марказии ширкати холдингии “Барқи Тоҷик” Одина Чоршанбиев “ҷараёни гилпуршавии обанбори Норак “аз поён ба боло” рафтан дорад”. “Ва агар мо корҳои тозакуниро оғоз намоему ҳамаи гили ҷамъшударо андаруни дара ҷойгир бикунем, вақте ки борон борад, пас тамоми гилро мешӯяд ва обанбор боз гилпур мешавад. Наҷоти ин мушкилот — сохтани неругоҳи барқи обии Роғун аст. Сохтмон ба анҷом расаду неругоҳи Роғун ба кор шурӯъ намояд, ба обанбори Норак оби кони рудҳои Сурхобу Хингоб дохил мешаванд. Агар мо Роғунро насозем, пас аз 15-20 сол неругоҳи Норакро аз даст медиҳем. Масалан, зимистон неругоҳ бо оби шохоби дарё фаъолият намуда, ҳамагӣ 4 миллион киловатт соат барќ истеҳсол мекунаду халос”, — гуфт дар охир Чоршанбиев.

Пас аз барқарор гардидани иқтисодиёт ҳаҷми талабот ба неруи барқ афзудан гирифт. Дар аввал барқи неругоҳи Норак кифоят мекард ва дар бораи Роғун хаёл ҳам надоштанд. Вале бо мурури вақт, баъди вайрон шудани муносибат бо Ӯзбакистон, ки он дар ибтидо фурӯши гази худро хеле маҳдуд карда сонӣ мурватин маводи сӯхтро тамоман маҳкам намуд, ба ин иллат шомили энергия дар мамлакат тамоман бад шуд. Дар чунин вазъият роҳбарияти мамлакат тасмим гирифт, ки лоиҳаи гӯё кайҳо фаромӯш гардидаи неругоҳи Роғунро аз нав эҳё намояд. Қарор қабул карда шуд, ки сохтмони неругоҳро ба анҷом расонанд, хосатан, ки лоиҳа аҳамияти сиёсӣ касб карда буд: бар асари нобасомониҳо ва пастравии иқтисодиёт ба халқ ҳаёти хушу хуррам ваъда намудан, фақат андаке сабру тоқат кардан зарур буд.

Дар навбати аввал саҳмия ташкил намуданд, ки он ба заёми баъдиҷангии Иттифоқи Шӯравӣ шабоҳат дошт.Он мутахассисонеро, ки дар замони шӯравӣ ин ҷо кор карда буданд, ҷустуҷӯ намуданд. Албатта, аз он айём вақти зиёд ҳам нагузашта буд ва хайрият, ки онҳо сиҳату саломат буда, ба гӯшаю канорҳои гуногуни собиқ шӯравӣ ҷойгузин шудаанд.Роҳҳои убуру мурури сохтмонро барқарор карда, нақбҳои аз гил пуршударо тоза намуданд. Вале муаммои ғайричашмдошт ба миён омад, ки онро касе интизор набуд. Ӯзбакистон ба ташаббуси Тоҷикистон доир ба барқарор намудани неругоҳи Роғун шадидан зид баромад ва дар назари аввал гӯё сабабҳои қотеъ нишон дод. Қабл аз ҳама Тошканд далел пеш овард, ки бо сохта шудани Роғун ҳаҷми оби ба амударё, яъне ба тарафи Ӯзбакистон ҷорӣ мегардида якбора кам мешавад. Сабаби дигар ин аст, ки ҷои сохтмони неругоҳ минтақаи зилзилавист ва бинобар ин имкон дорад, ки ба ин ваҷҳ сарбанди он хароб шуда, дар фарҷом обхезӣ ба амал ояд. Ба ҳамин васила тавассути ВАО ҳангомаю ҳамҳамаи пуршӯре барангехта найрангу таҳдидҳо карданд ва ҳатто таъкид намуданд, ки барои ҳаллу фасли муаммои мазкур роҳи ҳарбиро ҳам ба кор баранд.

Дар натиҷа, чи тавре ки мегӯянд, ҳоло мо дорем, он чи дорем.

Ҳоло ҳеҷ кас бар он шакку шубҳае надорад, ки оби ошомиданӣ дар асри 21 захираи стратегӣ ҳисобида шуда, пас аз истифодаи он ҳаққашро супоридан зарур аст. Инро дар даврони мудҳиши сталинӣ ҳам мадрак намуда буданд. Ҳамин тавр, бо қарори Шӯрои Вазирони ИҶШС аз 29 апрели соли 1949 таҳти рақами 1720 “Дар бораи ҷорӣ намудани маблағсупории обе, ки бо шабакаҳои обрасонии давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ” супоридани арзиши обе, ки колхозҳо аз шабакаҳои давлатӣ мегирифтанд, ба ҳукми қонун дохил шуда буд. Ҳоло дар ҳамаи давлатҳои минтақа Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) ташкил шудан доранд, ки онҳо пули оби аз шабакаҳои обрасонии давлатӣ истифода шударо ҷамъ менамоянд. Дар бисёр давлатҳо харҷу сарфи нигоҳдории об, хидмати тақсим намудани обрасонӣ ва ҳаққи тозакории минбаъдаро истифодабарандагони об месупоранд.

Дар минтақа зиёда аз 92 фоизи об аз тарафи бахши кишоварзӣ барои обёрии зироат истифода мешавад. Коэффитсиенти амали муфиди истифодаи об дар инҷо 20-40 фоизро ташкил медиҳад. Истифодаи нисбӣ дар минтақа аз аҳамияти миёнаи ҷаҳон чандин карат зиёд аст, чи тавре ки аён аст, ин ҳисоб 700 м3 одам/сол мебошад. Вале ин дар Ӯзбакистон-2596м3 одам/сол, Туркманистон-4044 м3 одам/сол Қазоқистон-1943 м3 одам/сол. Тоҷикистон-1843 м3 одам/сол ва дар Қирғизистон-1371 м3 одам/сол аст. Дар ин ҷо барои бартараф намудани норасоии об, инкишофи навъҳои дигари истифодаи он захираи зиёде маҳфуз аст. Ҳамин нишондиҳандаҳо ба сабабҳои фоҷиаи Арал ишора менамоянд.

Гузаштан ба усули пулакии истифода бурдани об ба паст фуромадани меъёри нисбии истифодаи об мусоидат менамояд. Ӯзбакистон ва Туркманистон шакли бе пули обрасониро нигоҳ дошта, то 85 фоизи захираҳои оби Амударёро ба кор мебаранд ва дигар истифодабарандагони обро ҳам ба исрофкорӣ талқин менамоянд. Дар фарҷоми ин даҳҳо кӯлҳои сунъӣ пайдо гардида, дар майдонҳои васеъ ва фарох обҳои зеризаминӣ баланд шудаанд ва ин ҳолат ба шӯрзании дубораи заминҳои обёришаванда сабаб гаштаанд. Ин мисоли ғамангези истифодаи ғайриоқилонаи об мебошад ва дар чунин вазъият кишварҳои болообро дар хусуси вайрон намудани экологияи манотиқи поёноб айбдор кардан беадолатии маҳз асту бас.

Агар Ӯзбакистон қарорҳои Вазорати хоҷагии оби ИҶШС-ро, ки дар он Ҷадвали истифодаи дастҷамъонаи рудҳои Ому ва Сир бо мавқеъҳои неругоҳҳои Роғун ва Қамбарота эътироф накунад, пас чӣ тавр Тоҷикистон ва Қирғизистон бо квотаи нодурусти тақсимоти об мувофиқа менамоянд? Ин квотаҳо якҷоя бо дараҷаи пасти лоиҳакашӣ, сифати бади сохтмон, амали нодуруст ва технологияи қафомондаи истифодаи шабакаҳои обёрӣ дар поёноби Амударё ва Сирдарё бо коэффисиенти амали муфиди 20-30 фоиз ба талафоти бузургу бебозгашти оби дарёҳо, нобудию ифлосшавии оби поки ошомиданӣ, пайдошавии даҳҳо кӯлҳои сунъӣ бо обҳои шӯр сабабҳои асосии фоҷиаи Арал гардидаанд. Наҷоти Арал бо чунин муносибат ба истифодаи захираҳои оби он ғайриимкон аст. Қаъри хушкидаи як қисмати Арал манбаи таҳдид ба пиряхҳои Осиёи Марказӣ гардида, обшавии босуръати он зарари калоне ба ҳаёти имрӯза мебошад ва насли ҳозираю ояндаро аз ҳаҷми зарурии оби поки ошомиданӣ маҳрум месозад.

Хулоса

Ба Қазоқистон дар назари аввал муаммою мушкилоти Роғун мустақиман дахл надорад, вале агар ба ҳисоб гирем, ки сохтмони иншоот ҳар оина бо хушкшавии баҳри Арал вобаста аст, пас масъалаи зикршуда ба мо бевосита дахл менамояд. Агар ҳоло Ӯзбакистони ҳамсоя усулҳои обёрии саҳроҳои худро тағйир надиҳад ва азнавсозии саҳеҳи шабакаҳои обрасониро ба салоҳият наорад, пас барқарорсозии Аралро фаромӯш кардан мумкин аст.

Ҳар сол майдони пиряхҳои кӯҳистони Тян-Шан ва Помир, ки дар Осиёи Марказӣ манбаъҳои асосии оби пок мебошанд, ҳамвора кам мешавад. Инро бо чашми одӣ ҳам мушоҳида намудан метавон ва агар аз ҳоло чораҳои истифодаи оқилонаи захираҳои бе ин ҳам ками оби тоза андешида нашавад, фардо дер хоҳад шуд.

 

Арман Темирҷонов, “Мегаполис”-Қазоқистон.

Тарҷумаи  Саидқул Қурбонов,  Бахтиёри Муртазо.

Сомонаи http://rogunges.tj/?page_id=17 ( санаи мурочиат 12.10.2018)