Эмомалӣ Раҳмон ва пешрафти Тоҷикистон

Пешрафти миллати мо пеш аз ҳама аз сарвар, пешвои оқилу доно, сиёсатмадори касбӣ, матинирода, адолатпарвару сулҳпарвар вобастагӣ дорад.  Пешвои муаззами миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон фаъолият мебаранд, нақши он кас дар рушди кишвар, пешрафти миллат, ва устувории он барои ноил шудан ба  рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ  ва сиёсӣ хеле назаррас мебошад.

Барои пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон,  Эмомалӣ Раҳмон,  ҳамчун инсони нерўи тавонои наҷотбахшу пешбар сабабгори сулҳу ваҳдати миллӣ, ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмию якдилии миллати тоҷик,  сохтани давлатдории ҳуқуқбунёду дунявӣ, дӯст доштану ҳифзи Ватан, бедории ҳувияту таҳкими худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ, ташаккул ва татбиқи арзишҳои миллӣ, дар талотуми таърихи муосир бори дигар эҳё шудану ба ҷаҳониён муаррифӣ гардидани ин миллати куҳанбунёд ва рушди босуботи минбаъдаи он гардидааст.

Барои инкишофи минбаъдаи кишвар  ҳадафҳои  стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистонро, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро муайян намуд, ки ҳар яки он барои ояндаи  иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нақши муҳимро мебозад.

Чор ҳадафи стратегии рушди Тоҷикистон:

1.Таъмини истиқлолияти энергетикӣ. Ҳадафи асосӣ – ин бунёди нерўгоҳҳои барқӣ барои қонеъ намудани талаботи дохилӣ ва содироти нерўи барқ ба дигар кишварҳо мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо лоиҳаҳои муҳими калидии НБО “Роғун”, НБО “Сангтўда-1”,  НБО “Сангтўда-2” корбарӣ намуда аллакай ба истеҳсоли нерўи барқ шурўъ кардаанд.  

  1. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ. Ҳадафи асосӣ – ин рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар кардани пайвастшавӣ бо кишварҳои ҳамсоя мебошад. Дар ин самт бисёр корҳо анҷом дода шудааст: сохтмони нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон, Хатлон ва ғ., азнавсозии роҳҳои мошингард ва ҳамроҳшавӣ ба шабакаҳои байналмиллалии нақлиётӣ.  
  2. Таъмини амнияти озуқаворӣ. Ҳадафи ин стратегия, баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва кам кардани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоӣ мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар ин самт бо лоиҳаҳои муҳими ислоҳоти замин ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, сохтмони шабакаҳои обёридиҳӣ ва беҳтар кардани ҳосилнокии замин фаъолият бурдааст.
  3. Саноатикунонии босуръати кишвар. Ҳадафи асосӣ – ин тавсеаи истеҳсолоти саноатӣ барои рушди иқтисод ва таъмини ҷойҳои корӣ мебошад. Лоиҳаҳои муҳим – ин бунёди корхонаҳои коркарди ашёи хом, аз ҷумла саноати нассоҷӣ ва саноати кимиё, ҷалби сармоягузорони миллӣ ва хориҷӣ баро рушди соҳаҳои саноат мебошад.

         Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти Тоҷикистон:

1.Суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ. Барои барқарор намудани сулҳ ва ваҳдат миллӣ талоши зиёд кардааст, заминаи рушд ва пешрафтро фароҳам овардааст.

  1. Ҷалби сармоягузорӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ. Асосан рушди муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва созмонҳои байналмиллалӣ барои ҷалби сармоя ва технология ба роҳ монда шудааст.
  2. Рушди соҳаҳои иҷтимоӣ. Беҳтар шудани соҳаи маориф ва тандурустӣ тавассути бунёди мактабҳо, донкада ва донишгоҳҳо, муассисаҳои тиббӣ ва ғ.
  3. Рушди фарҳанг ва ҳифзи мероси миллӣ. Ба эҳёи анъанаҳо ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии тоҷикон таваҷҷўҳ дода шуд.

Хулоса: Чор ҳадафи стратегии рушди Тоҷикистон, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат, сиёсатмадори касбӣ, матинирода, адолатпарвару сулҳпарвар Эмомалӣ Раҳмон  татбиқ шуда истодааст, – ин истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ , таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат, ки ҳар кадоми онҳо барои рушди иқтисодӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум  аҳамияти бузург дорад. Ин стратегияҳо барои ноил шудан ба пешрафт ва  устувории иқтисодю иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон таҳия шудаанд.

Сардори бахши идоракунии

сифати таҳсилоти

ДКМТ                                                   Юсупов Х.М.