ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ: ПАДИДАИ МАНФУР

Дар доираи нақщаи тадбирҳо бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорон  вобаста ба маҳкуми падидаи манфур терроризм ва экстремизм дар толори мачлисгохи Донишкадаи кухи-металлургии Тоҷикистон мулоқоти судманд доир гардид. Ректори донишкада дотсент М. Фозилзода ба мулоқот ҳусни ибтидо бахшида, иброз дошт ки Раёсат ва ҷомеаи меҳнатии донишкада дар фаъолияти худ дастуру суопроишҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сани 12-уми ноябри соли 2016 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» инчунин, дастуру ҳидоятҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстонро дар мубориза бар зидди падидаи номатлуби ҷомеа терроризм  мунтазам ба роҳбарӣ гирифтааст.

Бинобар ин, баҳри дар амал татбиқ намудани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва дар руҳияи ватанпарастӣ, хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон дар донишкада мунтазам чораву тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.

Имрӯз тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода вохӯрии намояндагони  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, ҷиҳати пешгириии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳи терористӣ ва экстремистӣ доир шуда истодааст.

Сипас, иштирокчиёни мулоқоти имрӯза-намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  ва шаҳри Бӯстон аз чониби ҷавонон Сухроб Рустамзода, Шаҳбоз Ахмедов ва намояндаи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд полковник Баҳром Саидзода оид ба пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа ҷиҳати пешгириии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳи терористӣ ва экстремистӣ ва тарбияи ватандустии чавонон ҳарф заданд.

Мулоқот оид ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд перомуни пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мулоқот баргузор гардид. 

Сипас, Рустамзода Суҳроб мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилояти Суғд  оид ба роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ибрози назар намуда, зикр дошт, ки илму маърифат ва дониш метавонад андешаҳои моро нисбат ба терроризм ва экстремизм дигаргун созад. Номбурда зимни суханронии хеш оид ба доман паҳн намудани терроризм ва экстремизм дар замони муосир ва тарбияи насли шоистаи замон ибрози назар намуда, аз таҳдиду хатарҳои он ёдовар шуд. Мавсуф ҳамзамон оид ба аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва истифодаи техникаву технологияи муосир аз иштирокдорон ва бахусус ҷавонон даъват ба амал овард.
Шахбоз Ахмедов намояндаи  раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд  оид ба таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо дастдории фарзандони нохалафи миллат ва сармоягузории хоҷагони хориҷӣ сурат гирифта буд, ибрози назар намуда, ба ҷавонон таъкид кард, ки баҳри омӯзиши илму дониш ва истифодаи самараноки техникаву технологияи муосир аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд. 
Номбурда оид ба қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ибрози назар намуда, ҳамагонро ба риояи муқаррароти он даъват намуд.
  Дар интиҳо иддае аз ҷавонон ва сокинон оид ба муборизаи дамтаҷамъона бо ҳамагуна зуҳуроти номатлуб андешаҳои хешро баён доштанд.

Вохӯриро ректори Донишкада дотсент М. Фозилзода ҷамбаст намуда, баён доштанд, ки дар руҳияи баланди сиёсӣ бо шукргузорӣ аз файзу дастовардҳои Истололият  ва Ваҳдати миллӣ хотирмону судманд мулокот  доир гардид. Ва итминони комил дошт ки ҷомеаи меҳнатии донишкада дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тамоми ҷидду ҷаҳди худро баҳри тарбия намудани ҷавонони ватандӯсту худогоҳ ва мутахассисони варзидаву хештаншинос равона намуда, ҷавононро дар руҳияи тоқатнопазирӣ нисбат ба тероризм ва экстремизм тарбия менамоянд.

Аз номи Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва ҳайати донишҷӯён барои чунин як вохӯрии судманд, ки баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо мусоидат менамояд, ба меҳмонони имрӯза-намоляндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон миннатдории самимӣ аз ҷониби ректор баён гардид.

 

Шуъбаи иттилоотӣ, 09.10.2018