ЭКСТРЕМИЗИМ ВА ТЕРРОРИЗМ ХАТАРИ БУЗУРГ БА ҶАҲОНИ ИМРЎЗА

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ худ расидан аксаран гурўҳҳои алоҳида, гурўҳҳои манфиатҷуи давлатӣ ва минтақавӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. 

Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. 

Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад.

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар асри 21 ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин модди маънавӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки ба таври зўровари ғасб намудани ҳокимият, халалдор намуданги оромии ҷомеа бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад.

Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом сӯйи истифода намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.

Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда,  зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш  гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд.    Дар замони муосир  сиёсати давлат дар ин марҳилаи пурпечутоб  ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад. Дар ин раванд саҳми ҷавонони кишвар ниҳоятдараҷа бузург мебошанд. Мо аз мушкилоти ҷавонон, аз ҷумла ба мазҳабу равияҳои бегона гаравидани баъзе аз онҳо огоҳ ҳастем ва ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мазкур ҳукумати кишвар чораҷўӣ карда истодааст. Баъзе  наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кўшиш намекунанд, аз хизмати  ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд ва хулоса бе шуғл мемонанд, ки ин омилҳо боиси шомил шудани онҳо ба равияҳои бегона мегарданд.

Дар  ин масъалаи муҳим, таъкид месозем, ки ҷиҳати ташаккули андешаи миллии навросону ҷавонон ва омода намудани онҳо дар самти муқомиват ба тазодҳои ҷомеаи муосир ҳоло дар назди  сохтору мақомотҳои давлатӣ, падару модарон ва аҳли ҷомеа корҳои зиёд, қарор дорад. Барои иҷрои ин корҳои муҳим мо аҳли ҷомеа вазифадорем то ки бартараф шавад. Ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

Аз ин лиҳоз, мо  вазифадорем, ки  ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрўза дар руҳияи ватан дўстиву сулҳхоҳӣ ва  ободкориву созандагӣ, инчунин барои наслҳои ояндаи халқамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муқадасу нодир фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум густариш бахшем.

Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили гурўҳҳои ифротӣ ва гуруҳҳои терроризмиро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. 

   Иброҳимов Исмоил              

муаллими калони кафедраи  таъминоти барқ