ЭЙ ЗИ ХУД ҒОФИЛ, МАКУН АЗ АҲЛИ ДУНЁ ОРЗУ

Инсон ба ҳайрат меафтад, воқеан ҳайрон мешавад, ки бархе аз афроди сияҳдилу каҷназар магар ки шабу рӯз дар ҷустуҷӯи нуқсону камбудии ҷомеа хосаи кишвари мо ҳастанд. Мавзӯъ меҷӯянд, нуқсон мекобанд ва намеёбанду ба ҳазён гӯӣ оғоз мекунанд. Шабнам Худойдодова яке аз онҳост, ки ба мавзӯе даст мезанад, ки ҳар як хонандаи ҳарфи ӯ ба ханда меояд. Ӯ мегӯяд, ки “Дар Тоҷикистон ба ҳуқуқи кӯдакон таваҷҷӯҳ намешавад, аз ин рӯ ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон, барои ман дар дараҷаи аввал қарор дорад.” Вале ин “ҳомии ҳуқуқи башар” мушаххас намегӯяд, ки дар Тоҷикистон дар куҷо ҳуқуқи кӯдак поймол аст. Дар тамоми рӯи олам мушкилоти зиндагӣ мавҷуд аст ва Тоҷикистон низ аз он орӣ нест. Аробакашии кӯдакон ба кор машғул шудани онҳо ин сабабҳои субъективӣ дорад ва он ҳаргиз ба поймол шудани ҳуқуқи онҳо дахл надорад. Вақте ки инсон масъалаеро мебардорад, бояд асос дошта бошад ҳол он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил яке аз аввалинҳо шуда, 26 октябри соли 1993 Конвенсияи мазкурро ба тасвиб расонид ва он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 ноябри соли 1993 эътибор пайдо кард.

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак заминаи зарурии меъёрию ҳуқуқӣ ташкил карда шуда, ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар қонунгузории миллӣ, аз ҷумла дар Конститутсияи ҶТ, кодексҳои оила, тандурустӣ, меҳнат, ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ва қонунҳои ҶТ “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таълим ва тарбияи томактабӣ”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” ва ғ. ба танзим дароварда шудаанд.

Бо кӯшишу сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳтар намудани вазъи риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кўдакон чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Ин аст, ки сол аз сол вазъ дар ин самт дар кишвар беҳтару хубтар шуда истодааст. Хусусан дар самти таъмини ҳуқуқи кўдакон дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқҳои кўдакони дорои маъюбият ва ятимону бепарасторон пешравиҳо назаррасанд.

Давлат ба ҳифзи кўдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории махсус зоҳир менамояд. Ҷиҳати бо ҳаёти пурарзиш, сатҳи шоистаи зиндагӣ таъмин намудани кўдакони ятиму бепарастор онҳо аз ҷониби давлат ройгон бо ҷойи зист, хўрок, сару либос, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд. Зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар манфиатҳои кўдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешаванд.

Тайи солҳои сипаришуда давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои самараноки уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак мутобиқи талаботи Конвенсияи мазкур ба Кумитаи оид ба ҳуқуқи кўдаки СММ се маротиба Маърўзаҳои миллӣ пешниҳод намуд. Бо дарназардошти тавсияҳои Кумита баҳри таъмини ҳамаҷонибаи ҳуқуқу манфиатҳои кўдак чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади иҷрои тавсияҳои пешниҳодшуда Нақшаи миллии амалҳо барои солҳои 2018-2022 таҳия ва тасдиқ карда шуд, ки амалисозии он айни замон бо маром идома дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ба нақшаҳои миллӣ амалисозии як қатор консепсияву стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак равона шудаанд. Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд барои солҳои 2011-2015, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, Барномаи давлатии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020, Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин санадҳо мебошанд. Ғайр аз ин, айни ҳол тадбирҳои дахлдор ҷиҳати таҳияи Барномаи ягонаи миллӣ вобаста ба ҳуқуқҳои кӯдак андешида шуда истодаанд.

Низоми мақомотҳое, ки бо ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак машғуланд, таъсис дода шуда, пайваста такмил дода мешаванд. Аз ҷумла, Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва сохторҳои маҳаллии он, шуъбаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ ва сохторҳои дахлдор вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ. Нақши мақомоти судӣ, прокуратура, адлия, милитсия, адвокатура ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак дар ҷумҳурӣ назаррас мебошад.

Агар барои Шабнам Худойдодова ин ҳама санаду далел,дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон кам бошад метавонем боз мисолҳои дигарро пешниҳод намоем. Вале дар поён ҳаминро қайд мекунем, ки ба хотири сиёҳ кардани давлату миллат ва аз худ қаҳрамон тарошидан ҳазён гуфтану мардумро гӯл задан кори инсон оқил нест!

 

      Аз номи аҳҳли кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии ДКМТ  (М.Мирзоахмедов, Р. Изаттуллоев, Ф.Холова, Ш.Исмоилов, И. Абдуллоев, М. Давлатов, Ш.Эргашева, К.Атаева)