Дирӯз, Шӯрои методии китобхонаи илмӣ-электронии донишкада баргузор гардид. Ҷаласаи шӯрои мазкурро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, тибқи рӯзномаи тасдиқгардида суханро ба директори китобхона Танжихолова Шаҳнозахон дод, ки мавсуф роҷеъ ба фаъолияти китобхона ҳисобот дод.
Сипас, ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Иди Наврӯз, Рӯзи илми тоҷик ва ҳамзамон ташкили бойгонии китобҳои электронӣ масъалагузориҳо шуд. Ҳамзамон, дар Шӯрои мазкур масъалаи гузаронидани озмуну маҳфилҳо ба хотири ҷалби донишҷӯён ба китобхонӣ низ баррасӣ карда шуд.
Шуъбаи иттилоот