
Бо ташаббуси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ва бо иштироки масъулин дар намояндагии филиал дар Донишкадаи кӯҳию-металлургии Тоҷикистон, аксияи шаҳрӣ таҳти унвони “30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат” баргузор гардид.
Зимни баргузории аксияи мазкур, аз ҷониби масъулин ба роҳбарият ва кормандони Донишкадаи кӯҳию-металлургии Тоҷикистон тақвими соли 2022-и Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо навиштаҷоти “30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат” тақдим карда шуд.
Дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз иттилоъ дод.