Имрӯз, зери роҳбарии муовини аввали ректор, профессор Насриддинов Замониддин ҷаласаи Шӯрои илми-методии донишкада баргузор гардид. Дар ҷаласаи Шӯрои мазкур масоили баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, нашри дастуру монографияҳои соҳавӣ, нашри адабиётҳои таълимӣ, нашри мақолаву рисолаҳо оид ба дастовардҳои соҳаи саноат, гузаронидани дарсҳои кушод, гузаронидани дарсҳои амалӣ дар корхонаҳои саноатӣ, фиристодани дастурҳои таълимӣ ба Ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри нашр ва дигар масъалаҳои муҳиму зарурӣ баррасӣ гардиданд.
Таъкид карба шуд, ки ба сифати таҳсилот таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Шуъбаи иттилоот