Шӯрои занон баргузор шуд

Дирӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада Шӯрои занони донишкада баргузор гардид. Дар шӯрои мазкур масъалаҳои интихоби роҳбари нави шӯро, баррасии авзои иҷтимоӣ, либоси ягонаи касбӣ, иҷроиши қарорҳои шӯрои қаблӣ, пешгирии шомилшавии занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҳифзи обрӯ ва иффати занон баррасӣ карда шуд.

Ҷаласаро нахуст раиси Шӯрои занон дотсент Самадова Гули ифтитоҳ намуда, занонро барои фаъолияти пурсамар ва саҳм гузоштанашон дар тарбияи мутахассисони ҷавон аз номи ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳори миннатдорӣ намуд.  Сипас, суханро ба муовини ректор оид ба тарбия дотсент Аминҷонова Мавлуда доданд. 

Аминҷонова М. дар навбати худ аз фаъолияти занон изҳори қаноатмандӣ намуда, фақат изҳор доштанд, ки ин шабу рӯз ҷаҳон дар вазъияти ҳассос қарор дорад ва вазифаи мо занон ин дарки масъала ва эҳтиёткорӣ дар ин маврид мебошад.

Дар интиҳои чорабинӣ як қатор қарорҳо аз ҷониби аъзоёни Шӯро қабул карда шуд, ки барои фаъолияти минбаъдаи занони фаъоли донишкада мусоидат менамояд.

 

Шуъбаи иттилоот