Сардори шӯъба: Комилова Х.С.
Шӯъбаи умумӣ ва назорат яке аз сохторҳои муҳими Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти он дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” (аз 23 июни соли 2016, №1339), Оинномаи донишкада ва Низомномаи шӯъба ба роҳ монда шудааст.
Фаъолияти асосии шӯъба:
Бақайдгирии ҳуҷҷатҳо – сабти санадҳо, барқияҳо, аризаҳо ва мактубҳо дар шакли чопӣ ва электронӣ.
Назорат ва таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳо – пайгирии иҷрои ҳуҷҷатҳои воридшуда аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти шаҳру навоҳӣ, вазорату идораҳои давлатӣ, инчунин омӯзгорон ва донишҷӯён.
Қабули муроҷиатҳо – ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон ва муроҷиати онҳо тариқи телефони 5-37-35 ва ё почтаи электронии gmit_tajikistan@mail.ru .
Муҳри тасдиқ ва ирсоли ҳуҷҷатҳо – тасдиқи ҳуҷҷатҳои таълимию назоратӣ, ҷадвали дарсҳо, маълумотномаҳо, дастурамалҳои таълимӣ ва ҳисоботҳо.
Қабули шаҳрвандон – бо тартиби махсус, ба роҳ мондани муроҷиатҳо тавассути варақаи назоратӣ сабт ва аз ҷониби ректор, муовинон, деканҳо ва дигар сохторҳои донишкада баррасӣ кардани онҳо.
Рӯзи қабули расмии шаҳрвандон – рӯзи шанбе.
Эзоҳ: Пеш аз қабул, муроҷиаткунанда бояд пешакӣ ба қайд гирифта шавад, то барои баррасии масъалаи худ бо ректор ва шахсони мутасаддӣ вохӯрӣ дошта бошад.