Таълим

Сардори раёсати таълим

Осими Оқил

номзади илмҳои техникӣ

 

 

Маълумоти умумӣ

Раёсати таълим чун ҷузъи томи сохтори донишкада идораи раванди таълимро амалӣ мегардонад. Раёсат вазифаҳояшро тибқи Оинномаи донишкада ва Низомномаи шуъба (чун дастурҳои хизматӣ) амалӣ намуда, ташкили мусоиди раванди таълим, фаъолияти ҳамаи ҷузъу томҳои сохтории донишкадаро ба ҳам мутобиқ месозад.

Дар назди раёсат Шўрои марказии илмӣ – методӣ амал мекунад, ки ба баланд бардоштани савияи донишандўзии донишҷўён, такмили раванди ҷараёни таълим, таҳияи маводи таълимӣ – методӣ саҳмгузор мебошад.

Ҳоло 18 адад нақшаҳои таълимии дараҷаи маълумоти бакалавр дар мувофиқа бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ таҳия ва аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд. Барномаҳои таълимӣ ва корӣ мувофиқи феҳристи кафедраҳо таҳия ва тасдиқ гардидаанд. Дар раёсат бо мақсади беҳтар намудани вазъи донишандўзии донишҷўён корҳои омодагӣ оид ба таҳияи комплекси маводи таълимию методӣ барои 4 факултет, ки аз рўи низоми кредитии таҳсилот фаъолият мебаранд, амалӣ карда шудааст. Оғози ҳар соли таҳсил ба ҳар як донишҷўи тариқи низоми кредитӣ таҳсилкунанда, вобаста ба ихтисос мувофиқи нақшаҳои таълимӣ ва корӣ барои нимсоли таҳсил вариантҳои электронии фанҳои омўхташаванда дар шакли электронӣ дастрас мегарданд. Бо мақсади омодагии устодони донишкада ба низоми кредитии таҳсилот тибқи ҷадвали тасдиқкардаи донишкада аз тарафи раёсати таълим семинар – тренингҳо ташкил ва гузаронида мешаванд. Раёсати таълим ҳамасола дар оғози соли таҳсил барои факултетҳо нақшаи чорабиниҳои таълимӣ – методӣ таҳия намуда, аз рафти иҷроиши ин чорабиниҳо, риояи ҷадвали дарсӣ, рафти сессияҳои санҷишию имтиҳонӣ, иҷроиши сарбории омўзгорон, рафти иштирок ба дарсҳои ҳамдигар, ташкили дарсҳои инфиродӣ ва мустақилона, таҳияи фармоишҳои аз курс ба курс гузаронидани донишҷӯён назорат мебарад. То имрўз шуъбаи таълимро шахсони зерин сарварӣ намудаанд: Ниёзов А.М., Султонова Р.М., Нурматова Д.Р., Раҳимова Д.А., Мутавалиев А.Т., Шамсидинов Ш.Ҳ. алҳол вазифаи сардори раёсати таълимро номзади илмҳои техникӣ  Осими Оқил ба зимма дорад.

 

 

Вазифаҳои шуъба

– санҷиш ва таҳлили ҷадвалҳои дарсии таълимӣ;

– тақсимоти масоҳатҳои барои ҳадафҳои таълимӣ ҷудогардида;

– назорати истифода ва тақсимоти фонди аудиторӣ аз тарафи факултетҳо ва кафедраҳо;

– ҷамъи маълумотҳо барои тайёр намудани варақаҳои ҳуҷҷатҳо;

– тартиб додани ҷадвали ҷараёни таълим;

– назорати ташкили ҷараёни таълим дар кафедраҳо ва факултетҳо;

– таҳлили ҳолати фонди аудиторӣ дар чорчўбаи омода намудан ба соли нави таълим;

  1. Сектори аттестататсияи ҷамъбастии давлатии донишҷўён

– тартиб додани ҳуҷҷатҳо ва тасдиқи раисони КАД дар Вазорати маориф ва илми ҶТ;

– тартиб додани фармонҳо оид ба аттестатсияи ҷамъбастии давлатии (АҶД) донишҷўён;

– гузаронидани машваратҳо ва ҷаласаҳо оид ба масъалаҳои АҶД;

– коркард ва тасдиқи варақаҳои АҶД (суратмаҷлисҳои КАД, тақризҳо, супоришҳо ва ғ.);

– омода намудан ва супоридани ҳуҷҷатҳо ба Вазорати маориф ва илми ҶТ барои аз атестатсия;

гузаронидани барномаҳои таълимӣ;

– тартиб додан ва тасдиқ намудани ҷадвалҳои КАД;

– назорати ташкил ва гузаронидани ҷаласаҳои КАД;

– ҷамъ ва таҳлили ҳисоботҳои раисони КАД;

– таҳлили натиҷаҳои аттестатсияи давлатӣ.

 

 

 Масъалаҳои асосии шуъба

  1. Коркард ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии таълимӣ.
  2. Саривақт хабардор намудани роҳбарияти  факултетҳо ва дигар қисмҳои таълимӣ оиди дигаргуниҳо даровардан ба ҳуҷҷатҳои меъёрии Вазорати маориф ва илм.
  3. Маслиҳат ва ёрии методӣ оид ба масъалаҳои таълим.
  4. Тартиб додани ҷадвали ҷараёни таълим, ҷадвалҳои дарсӣ ва имтиҳонӣ.
  5. Таҳлили ҳолати фонди аудиторӣ.
  6. Ҷамъ ва коркарди оморӣ оид ба ҷамъбасти имтиҳонҳои ҷорӣ, маъмурӣ ва аттестатсияҳои давлатӣ.
  7. Омода намудани маводҳо барои ректорат, Шўрои Олимон ва ғ.
  8. Омода намудани маводҳо бо дархостҳои мақоми роҳбарии ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ва ғ.

 

 

Кормандони раёсати таълим

Шейхова Маҳина Муродовна- мутахассиси пешбар;

Эшов Зулфон Субҳонович – мутахассиси пешбар;

Маҳмудов Ҳасанбой  Аҳмадҷонович – мутахассиси пешбар;

 

 

Сохтори раёсати таълим

 Ба сохтори раёсати таълим дохиланд:

  1. Маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва фосилавӣ;
  2. Бахши идоракунии сифати таҳсилот;
  3. Бахши таҷрибомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон;
  4. Маркази ташхис ва хизатрасонии техникаи компютерӣ;