Шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа

  • Сардори шуъба: Муслимзода Хайём
  • Таҳсил: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
  • Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ бо луғат
  • Тел: +99292-703-17-77
  • E-MAIL:  Khayom.777@mail.ru
  • Суроғаи корӣ: бинои 1, утоқи №216.

  • Мутахассиси шуъба: Ҷалолов Айёмиддин Ҷалолович
  • Таҳсил: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ
  • Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ бо луғат
  • Тел: +992 93-703-03-36
  • Суроғаи корӣ: бинои 1, утоқи 216

Маълумот дар бораи шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа

       Шӯъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа як ҷузъи таркибии сохтори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, тибқи қарори Шӯрои олимон таъсис дода шудааст. То соли 2011 раванди корҳои тарбиявӣ ба зиммаи муовини ректор оид ба таълим гузашта шуда буд. Шуруъ аз соли 2011 дар сохтори донишкада шуъба дар алоҳидагӣ арзи вуҷуд карда пешбурди корҳои тарбиявӣ ба зиммаи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ вогузор гардид. Бархи таъсисёбии шуъбаи тарбия заруриятҳои зерин мусоидат намуданд:

  • Тағйиротҳои сохти ҷамъияӣ-сиёсӣ ва соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Оғози раванди ҷаҳонишавӣ ва оқибатҳои таъсири манфии он.
  • Дар руҳияи ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои ниёгон ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ тарбия намудани ҷавонон.
  • Дар руҳияи нафрату адоват нисбат ба терроризм ва экстремизм тарбия намудани ҷавонон.

         Дар сохтори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа як нафар коргузор, ду нафар мутахассис, мудири шуъба фаъолият менамоянд ва ба раванди корҳои тарбиявӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбия роҳбарӣ менамояд. Инчунин, дар сохтори факултетҳо пешбурди корҳои тарбиявӣ ба зиммаи муовинони деканҳо оид ба корҳои тарбиявӣ вогузор шудааст.

         Баъди таъсисёбии шуъба вазифаи муовини ректор оид корҳои тарбия ба зиммаи дотсент Усмонов Ғ.Ҳ. гузошта шуд. Солҳои 2011-2012 дотсент Усмонов Ғ.Ҳ., солҳои 2012-2015 дотсент Ниёзов А.М., солҳои 2015-2020 дотсент Сайдуллоева М.М. ва аз соли 2020 инҷониб дотсент Аминҷонова М.С. роҳбарӣ менамояд.

         Ба шуъбаи тарбия бошад дар солҳои 2010-2011 Исоева М.Қ., солҳои 2011-2021 Азизов Қ.М., аз 01.02.2021 сол то 01.09.2021 сол Мирзоаҳмедов М.М роҳбарӣ намуданд. Аз 01-уми сентябри  соли 2021 то ба имрӯз Муслимзода Хайём ба шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа роҳбарӣ менамояд.

         Инчунин, дар сохтори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Ҷалолов Айёмиддин Ҷалолович ба ҳайси мутахассис фаъолият менамоянд.

Самтҳои асосии шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа

– Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳрро доир ба корҳои тарбиявӣ дар амал татбиқ менамояд;

– Фармонҳои ректори донишкада, қарорҳои Шӯрои олимон ва раёсати донишкадаро оид ба самарабахшии корҳои тарбиявӣ дар байни устодону донишҷӯён амалӣ менамояд;

– Нақшаи тарбиявии умумидонишкадавиро мураттаб сохта, тибқи он ба корҳои ташкилию тарбиявӣ, гузаронидани чорабиниҳои умумӣ бахшида ба санаҳои таърихӣ, тарбияи хештаншиносӣ, ватандориву ватандӯстӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, тарбияи зебоишиносию меҳнатӣ сарварӣ менамояд;

– Рафти иҷрои қарорҳои Шурои олимон ва раёсати донишкадаро доир ба корҳои тарбиявӣ дар факултет ва кафедраҳо назорат мекунад;

– Иштироки фаъолонаи устодони донишкадаро дар ташвиқу тарғиби сиёсати ҳукуматҳои шаҳру вилоят ва донишҷӯён таъмин менамояд;

– Фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷавонон, Шӯрои бонувон, Шӯрои мураббиёнро ҳамоҳанг сохта, самарабахшии фаъолияти онҳоро дар вусъати корҳои тарбиявӣ таъмин менамояд;

– Фаъолияти тарбиявӣ, мазмун ва мундариҷаи корҳои тарбиявии устодони кафедраҳо ва раёсати факултетҳоро дар зери назорати доимӣ қарор диҳад;

– Ба боз ҳам баланд бардоштани мақоми Кумитаҳои волидайн ва умуман падару модарон дар такмили раванди корҳои тарбиявӣ ва самарабахшии онҳо мусоидат менамояд;

– Иҷроиши саривақтии нақшаҳои корҳои тарбиявии умумидонишкадавӣ, факултетҳо, кафедраҳо ва ташкилоти ҷамъиятиро дар зери назорати доимӣ қарор медиҳад;

– Ба интихоб намудани масъулини корҳои тарбиявӣ (ноибсарварони факултетҳо, мураббиёни гуруҳҳо ва ғайра) қобилияти ташкилотчигӣ, тайёрии ғоявию сиёсии онҳо эътибори алоҳида медиҳад;

– Тибқи нақшаи умумидонишкадавии корҳои тарбиявӣ конфронсҳо, семинару машваратҳо созмон дода, таҷрибаи ҷавобгӯи талаби замонро ҷамъбаст ва тарғиб менамояд;

– Чорабиниҳои идонаро бахшида ба санаҳои тақдирсози кишвар ба дараҷаи баланди ғоявию сиёсӣ мегузаронад;

– Ба мазмун ва сифати гузаронидани соатҳои тарбиявӣ эътибори алоҳида медиҳад;

– Ба мубориза бар зидди ғояҳои иртиҷоии ҳизбҳои ғайриқонунӣ, нашъа ва нашъамандӣ ва дигар зуҳуроти барои ҷомеаи бегона ва зараоварэътибори ҳамарӯза медиҳад;

– Ба симои маънавӣ, ахлоқи ҳамида, мафкураи ғоявию сиёсӣ, ҳисси баланди хештаншиносӣ, ватандорию ватандӯстии устодону шогирдон дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ эътибори алоҳида медиҳад;

– Дар давоми соли хониш ду маротиба ба раёсат ва Шӯрои олимони донишкада оид ба ҳолат ва роҳҳои тарбиявӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.    

    Шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеаи донишкада фаъолияти худро тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, фармонҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №14/2 аз 03.07.2007с., №1889 аз 04.10.2007с. “Дар бораи тасдиқи дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ” №394 аз 31.03.2007с. “Оид ба баъзе масъалаҳои ба танзим даровардани таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, ҳуҷҷату санадҳои меъёрии вазоратҳо”, инчунин дастуру супоришҳои ректори донишкада ва қарорҳои Шӯрои олимон роҳандозӣ намудааст.