Раёсати илм ва инноватсия

Сардори раёсат: Раҳимова Шаҳноза Каримовна- номзади илмҳои таърих,и.в. дотсент  

Таҳсил: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ ва  англисӣ

Тел: +992 92 899 442 2, +992 11 003 66 33

Email: rshahnoza83@mail.ru

Суроғаи корӣ: Бинои 2, утоқи №9

                                                                                                                                Мутахассисони раёсат

Ному насаб:Бобоева Парвина Илҳомҷоновна

Таҳсил: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ ва  англисӣ

E-mail: ilm.dkmt@gmail.com

Тураҳасанов Баҳманёр Тураҳасанович

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ ва фаронсавӣ

E-mail: ilm.dkmt@gmail.com

Тел: +992 92 222 26 37

 

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Раёсати илм ва инноватсияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон (минбаъд ДКМТ) дар асоси “Қонун дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” ва “Низомномаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон” таҳия шудааст.

Раёсати илм ва инноватсия (минбаъд: Раёсат)-и ДКМТ яке аз сохторҳои асосии донишкада буда, роҳбарӣ ва назорат аз болои корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону омӯзгорон ва донишҷӯён, фаъолияти инноватсионӣ, омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои илмӣ, фаъолияти илмии магистратура, докторантура ва аз рӯи ихтисос доктор PhD ва робитаҳои байналмилалиро ба роҳ мемонад.

Раёсат фаъолияти худро дар асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, Оинномаи ДКМТ, фармоишҳои ректори донишкада, супоришҳои муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ мемонад.

Раёсат бо фармоиши Ректори ДКМТ ташкил меёбад, таҷдид мешавад ва барҳам мехурад.

Фаъолияти Раёсат аз тарафи сардори Раёсат ва муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ назорат карда мешавад.

Раёсат ба корҳои илмӣ-таҳқиқотие, ки кафедраҳо ва факултетҳо иҷро мекунанд, роҳбарӣ менамояд.

Роҳбарии Раёсатро сардори Раёсат амалӣ мегардонад.

Ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар донишкада профессорон, дотсентон, омӯзгорони калон, омӯзгорон, ассистентон, докторантон аз рӯи ихтисос, унвонҷӯён, донишҷӯён, коромӯзон ва ҳамчунин, шахсоне, ки барои иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз дигар ташкилотҳо бо мақсади таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ё бозомӯзӣ сафарбар гардидаанд, ҷалб карда мешаванд.

Самти фаъолияти Раёсатро нақшаҳои дурнамои ДКМТ, ки дар асоси стратегияи рушди донишкада тартиб дода шудааст, муайян мекунамояд.

СОХТОРҲОИ ТАРКИБӢ ВА ҲАЙАТИ РАЁСАТ

    Сохторҳои таркибии Раёсати илм ва инноватсия:

  • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ;
  • Шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ (шуъбаи аспирантура ва магистратура);
  • Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ;
  • Маркази дарёфти грант ва лоиҳаҳо;
  • Китобхонаи илмӣ-электронӣ;
  • Маҷаллаи “Ахбори ДКМТ”;
  • Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон;
  • Осорхона.

Ҳайати кормандони Раёсат:

  • Сардори Раёсат;
  • Ҷонишини сардори Раёсат;
  • Мутахассиси пешбари Раёсат;
  • Мутахассиси Раёсат.

ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ РАЁСАТ

  • муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалиятноки корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону омӯзгорон, докторантҳо, докторантҳо аз рӯи ихтисос, магистрантҳо, унвонҷӯён ва донишҷӯёни донишкада;
  • ҳамоҳанг сохтани корҳои илмӣ, ки дар кафедраҳо бо мақсади иҷрои корҳои мукаммали бунёдӣ, иктишофӣ ва амалӣ сурат мегиранд;
  • таҳияи лоиҳаи шартномаҳои хоҷагидорӣ оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва шартномаҳо оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ-техникӣ бо донишкада;
  • тартиб ва танзими шартномаҳо оид ба ҳамкориҳои эҷодӣ;
  • таъмини сатҳи зарурии илмӣ-техникии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва самаранокии онҳо дар истеҳсолот ва раванди таълим;
  • назорати иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишкада, факултет, кафедра ва нақшаҳои инфиродии омӯзгорон тибқи тартиби муқараргардида;
  • анҷом додани баҳогузории маҷмӯаи ҳарсола ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии кафедраҳо ва ҳайати профессориву омӯзгорӣ тибқи тартиби муқарраргардида;
  • ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
  • ташкили табъу нашри маҷмӯъаҳои мақолаҳо ва асарҳои илмии ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ ва таълимгирандагони донишкада;
  • ташкили корҳои иктишофӣ, патентӣ, литзензионӣ ва иттилоотӣ-маълумотӣ;
  • назорати фаъолияти Шӯрои олимони факултетҳо, иҷрои рисолаҳои хатми бакалавриат, мутахассис ва магистратура, корҳои (лоиҳаҳои) курсӣ;
  • ҳамоҳангсозии фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон, Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён;
  • назорат аз болои фаъолияти илмии магистрантон, докторантҳо аз рӯи ихтисос ва унвонҷӯён;
  • танзим ва пешниҳод намудани мавод оид ба ҳавасмандкунии ҳайати устодону омӯзгорон ва таълимгирандагон барои бо муваффақият анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар кори конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
  • ташкили намоишгоҳҳо, озмунҳо ва намоиши дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
  • назорати фаъолияти китобхонаи илмӣ-электронӣ;
  • омода кардани ҳисоботи илмӣ ва маълумотномаҳои донишкада тибқи талаботи мақомоти дахлдор;
  • ҳамоҳангӣ ва назорати устодоне, ки дар вазифаҳои дотсент ва профессор фаъолият мебаранд;
  • ташкил ва иштирок дар озмуни ишғоли вазифаҳои ассисент, сармуаллим, достент, профессор ва мудири кафедраҳо;
  • дигар корҳои таъбу нашр, грантҳо, робитаҳои байналмилалӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ.

МАҲФИЛҲОИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ДОНИШҶӮЁН

Дар донишкада 17 адад маҳфилҳои илмӣ-амалии донишҷӯён таъсис дода шудааст, ки ба он донишҷӯёни болаёқат ҷалб карда шуаанд ва онҳоро ба корҳ ои пажӯҳишӣ ҷалб мекунанд. Моҳе як маротиба семинар-ҷаласаи ин маҳфилҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи нақшаи чорабиниҳои он аз тарафи ректори донишкада (барои соли хониш тартиб дода мешавад), баргузор мегардад.

Дар ин семинарҳо донишҷӯён баромад намуда аз натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии худ дар доираи маҳфил ҳисоботҳо ва гузоришҳо медиҳанд. Дар назди кафедраҳо чунин маҳфил-семинарҳои доимоамалкунанда амал менамоянд: Маҳфили «Суханвар», Маҳфили «Энергетикони ҷавон», Маҳфили «Эколог-муҳандис», Маҳфили «Иқтисодчии муосир», Маҳфили «Навовар», Маҳфили «Кӯҳкани ҷавон», Маҳфили “Дустдорони автомобил” Маҳфили “Металлургия аз нигоҳи ҷавонон”, Маҳфили “ Ганҷи хирад”, Маҳфили “ Ал-ҷабр”, Маҳфили “ Химикони ҷавон”, Маҳфили “ Илм ва ҳаёт”, Маҳфили “ Муҳосибони муосир”, Маҳфили “ Эҷодкорони техникӣ”, Маҳфилҳои «Нафтчӣ»  ва “Ганҷшинос” , “Маркшейдерони ҷавон”

МИЗҲОИ МУДАВВАР, СЕМИНАР ВА НИШАСТҲОИ ОММАВӢ

Бояд қайд намуд, тибқи фармони ректор д.и.и., профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр дар донишкада ҳар рӯзи шанбе   “ Рӯзи илм” гузаронида мешавад, ки аспирантону докторантон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада дар самтҳои гуногун маърӯза менамоянд.     

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ  “ИЛМ -ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ

        Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати  амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040” оид ба  рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби  донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, солҳои 2021-2022 аспирантону докторантон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада дар озмуни“ Илм фурӯғи маърифат” аз рӯи 6 номинатсия:

  • математика (арифметика, алгебра, геометрия);
    • физика ва астрономия;
    • химия;
    • география;
    • технологияи иттилоотӣ;
    • ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

ширкат варзида, чойҳои намоёнро сазовор гардиданд.    

ОЗМУНИ ИХТИРОЪКОРОН ВА НАВОВАРОНИ ҶАВОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Тибқи Қарори Раиси Вилояти Суғд дар бораи гузаронидани озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд, аспирантону докторантон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада фаъолона дар озмуни ихтирооти худро ба кумитаи тадорукот пешниҳод менамоянд ва чун аъана ғолиби озмун гашта бо дипломҳои чойҳои фахрӣ сарфароз мегарданд.  

                                                                 

ОЗМУНИ “МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ” ВА “МУТОБИҚШАВӢ БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ”

      Бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзуъҳои “Маърифати экологӣ” ва “Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим” бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ баргузор шуда ва санаи 20 январи соли 2023 ҷамъбаст гардид.

          Боиси хурсандист, ки олими ҷавони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев Далерҷон Дадоевич дар ин озмун иштирок намуда, дар байни 56 нафар довталабон соҳиби дипломи дараҷаи 3 гардид.

КОНФРЕНСИЯҲОИ ИЛМӢ

                                                   Расми 1

Расми 1-2. Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар ДКМТ

 

                                                                                     Расми 3

                Расми 3-4.  Конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони ” Иқтисодиёти рақамӣ- асоси ташаккули рушди саноатикунонии босуръати кишвар” дар ДКМТ

                                                       

                  

 

 

 

 

 

 

 

 

Расми 5

 Расми 5-6.  Конфронси байналмилалии илмӣ-техникӣ, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ш.Тошканд