ШУХРАТ АЗ ГЕНЕРАЛХОИ ШУХРАТХОХ КИМОБ АСТ

Шӯҳрат Назруллоев, як сокини ҷавони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мактуби саркушода ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардааст. Дар ин муроҷиатнома, ки дар гуруҳи «Цавор-Куен» дар шабакаи Фейсбук нашр шуд, Шӯҳрат Назруллоев менависад, ки бо қарори бо истифода аз нерӯ ҳал кардани масъалаи таъмини тартибот дар Бадахшон розӣ нест.

Ба ин андешаи   бахснок шарик шуда  гуфтаниям, ки шояд вокеан хам дар Бадахшон  чавонон фаъол хастанд ва ин гувохи ба донишу забономузи майл доштани онхо аст.  Аммо як пахлуи дигари масъала аст, ки худи чавонон хам дар ин марзу бум хизмат намуда, ба сафи низомиён шомил шаванд. Марзи худро бояд аз кадами нопоки афроди силохдор бояд хифз намуд.

Бадахшон аруси нозанини Точикистон аст, пас нагузорем номахраме аз ин диёр боздид кунаду ба коми чангу низоъ кашад ин кишварро.

Мо дастури Пешвои миллатро бобати чори намудани тартиботи чамъияти дар Бадахшон дастгири менамоем.

 

А. Рачабов, раиси Шурои чавонони ДКМТ