Дар ҳамовозӣ бо ҳампешагон аз «Нури маърифат»
Ба шарофати дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бекор шудани қарори Агентии зиддиинҳисорӣ оид ба болоравии нархи Интернет аз ҷониби мардум хуш пазируфта шуд. Дар ин хусус ҳампешагони мо аз нашрияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров назари худро чунин баён доштаанд: “ Якчанд рўз боз масъалаи боло рафтани нархи истифодаи Интернет ва телефонҳои мобилӣ мардумро ба ташвиш оварда буд.Бо ташаббуси кӣ ин қарор қабул карда шуд ва он ба манфиати кӣ буд? Мо инро намедонем.Аммо боз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба доди халқ расиданд. Бо амри ин кас дар Тоҷикистон нархи хизматрасонии Интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати пештарааш баргардонида шуд.Ин бори дигар аз халқпарварии Ҷаноби Олӣ, аз инсондўстии он шахс дарак медиҳад,чунки боло рафтани нарх зарбаи сахте асосан ба аҳолии камбизоат ва миёнаҳол мешуд. Онҳо аз истифодаи Интернет ва телефонии мобилӣ маҳрум мегаштанд, чунки чунин нархҳои дандоншикан на ба ҳама қишри ҷомеа дастрас аст. Агар он қарор амалӣ мешуд,дар байниқисми зиёди аҳолӣ нобоварӣ ба Ҳукуматро ба амал меовард. Мардумро мубталои яъсу ноумедӣ мекард.
Дар ин шабу рўзҳо мисраи машҳури АбўабдуллоҳиРўдакӣ – «Гар дасти фитодаебигирӣ, мардӣ» ба хотир меояд.Бале, бо ин амали нек,бо амри одилонаи Пешвои миллат пеши роҳи тороҷгароёнаи баъзе мансабдоронгирифта шуд. Аз ин амал,аз ин ҷасорати Пешвои миллат ҳамаи мардумболидарўх гаштанд.Ба он кас миннатдории самимии худро баён менамоянд….
Аммо ба иғвогарони Ҳизби Наҳзати Ислом чӣ шуд? Ҳоли онҳоро худо медонаду худашон. Наҳзатиён ва тарафдорони онҳо чанд рўз пеш воҳимаю иғворо ба авҷи аъло расонида буданд. Ба ҳамаи ин кор Ҳукумат ва Президентро айбдор медонистанд. Акнун боз тири навбатии онҳо ба нишон нарасид. Ин амри Пешвои миллат ба даҳони онҳо мўхри хомўшӣ зад. Ба ин худи онҳо гунаҳкоранд,чунки пеш аз пода чанг бардоштанд,обро лой карда,моҳӣ доштанӣ шуданд,аз пашша фил сохтанӣ буданд. Онҳо ба саросемагӣ роҳ доданд,ки дар натиҷа охирон худашон шармандаю рўсиёҳ гаштанд. Чунин аст натиҷаи саросемагӣ, шитобкорӣ ва дурандеширо як сў ҳаво додан. Акнун онҳо дар оянда аз амалкардаи худ хулосаи дуруст барорандва шитобкорӣ накунанд.”
Воқеан ҳам эҳсони Пешвои миллат ба даҳони лофгуёни ТТЭ ҲНИ муҳри хамушӣ зад.
И. Абдуллоев, муҳарири моҳномаи “Маъданшинос”