ШОҲВАЛИЗОДА БАҲОНАЕ БАРОИ ИҒВОБАРАНГЕЗИИ НАҲЗАТИЁНИ ПАЛИД

Дар расонаҳои наҳзатӣ чунин маълумоте нашр шуд, ки гӯё чанд тан аз фаъолони сиёсӣ, ки дар асл террористони наҳзатӣ ҳастанд ва аз сиёсат хабаре надоранд дар назди идораи пулиси Вена ҷамъ омода аз ҳукумати Австрия талаб кардаанд, ки Ҳ. Шоҳвализодаи ифротгаро ба ватанаш депортатсия карда нашавад. Ва барои ин чанд дурӯғи  болохонадор низ дар баёнияи худ зикр кардаанд, ки бисёр ҳам шармовар аст.

Нахуст ин ки онҳо аз СММ талаб кардаанд, ки бар алайҳи миллати тоҷик чораҳо андешад ва ин ҳам бар ивази озодии 11 тан аз террористони наҳзатӣ, ки гуноҳашон исбот шудааст боз ҳам ин қадар воҳима. Ҳамчунин номи чанд тани дигар низ дар баёнияи ин абвошони наҳзатӣ омадааст, ки бисёр ҳам нороҳаткунандаву бардурӯғ аст ва саропо туҳмат мебошад.

Ба ҳар ҳол барои наҳзатиёни манфур муҳим нест, ки Шоҳвалидаи ифротгаро ихроҷ мешавад ё не, балки муҳим ин аст, ки наҳзатиён аз ин ҳолат истифода намуда, обрӯву мақоми кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст намоянд. Зеро наҳзатиёни манфур ва палиду касиф аз ӣзамонҳои аввал мехостанд, ки кишвар обод нашавад ва мардум зиндагии хуб надошта бошад ва барои ин7 кор ҳатто дар солҳои 90-ум ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар кишвар ташкил карданд ва ин ҳама ба хотири гумроҳ намудану сарсон кардани миллат буд, ки имрӯз акнун аз хориҷ истода идома медиҳанд.

Ҳоло мақсаду мароми наҳзатиёни палид ин паст намудани обрӯйи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад ва бад ин хотир чанд террористи зиндонияшонро дастак карда ҳар рӯз як баёнияву як сафсаита нашр мекунанд, ки аз баъзан хандаи одам меояд.

Ҳоло рафтори имрӯзаи наҳзатиёни манфурро дида ба ҳайрат мемонем, ки бо баҳонаи Шоҳвализодаи ифротгаро, талабгори озодии 11 тан аз террористони зиндонӣ шудаанд, ки ин бисёр ҳам хандаовар аст. Зеро ин тоифаи бадкеш барои мақсадҳои нопоки ӣхуд аз ягон роҳ намегарданд ва омодаанд ҳама чизро қурбони манфиатҳои шикампарваронаву террористии худ созанд аз ҷумла ҳамин қазияи Шоҳвализодаи ифрогароро низ.

Давлатов Д.

роҳбари маркази бақайдгирии ДКМТ